Ваҳид Мужда: "Исми раҳбари нави ҲИУ мустаор аст"

Ваҳиди Мужда, таҳлилгари афғон

Ваҳиди Мужда, таҳлилгари афғон мегӯяд, ки эҳтимолан раҳбари нави Ҳаракати исломии Узбакистон тоҷик ё чечен аст.
Ҳаракати Исломии Узбакистон бо пахши як баёния аз марги Усмон Одил, раҳбари худ хабар дода, номи раҳбари нави ин ҳаракатро ҳам эълон кард.

Мавсуф шахсе ба номи Усмон Ғозӣ аст, ки то ин замон ба касе маълум набуд, ҳадди аққал ба расонаҳо. Усмон Одил, домоди асосгузори ин ҷунбиш Тоҳир Юлдош маҳсуб мешуд ва баъд аз кушта шудани ӯ дар соли 2009-ум раҳбарии Ҳаракати Исломии Узбакистонро бар ӯҳда гирифт. Бовар меравад, ки вай 37 сол дошт ва аз собиқадорони Ҳаракати Исломии Узбакистон мебошад.

Аммо раҳбари нав кӣ аст? Дар ин маврид мо бо чанд суол ба Ваҳиди Мужда муроҷиат кардем, ки дар Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон то соли 2001-ум дар Кобул масъули бахши Осиёи Марказӣ ва Русияву Қафқозу Чин будааст. Он солҳо ӯ бевосита бо раҳбарони ҲИУ робита дошт.

Озодӣ: Оё номи Усмон Ғозӣ барои Шумо ошност?

Ваҳиди Мужда: "Ин исми аслӣ нест. Ҳамон Усмон Одил ҳам шахсӣ воқеӣ набуд. Ҳоло ҳам дар кадом бойгоние ҷустуҷӯ накунед, номи аслии ӯро пайдо намекунед. Танҳо касе, ки дар Ҳаракати исломии Узбакистон бо номи аслиаш фаъолият мекард, Тоҳири Юлдош буд, ки ҳамон ҳам тахаллуси Форуқро гирифта буд. Исмҳои мустаор дар созмонҳои монанд ба ҲИУ як воқеият аст. Ин номҳо як гуна динӣ ҳастанд, бахусус таъкид бештар ба аҳли суннат будан мекунад ва аз нуқтаи назари амниятӣ, хадамоти амниятиро фиреб медиҳанд. Ҳоло Усмон, Холид, Абдураҳмон, Ҳафизуллоҳ ва ғайраву ҳоказо тахаллуси қариб аксари размандагони ҳаракатҳои террористист. Як тоҷике, ки ба хонаи мо омада мерафт, ба номи Ҷайҳун буд. Мепурсидам, ки номи аслиат чист, Ҷайҳунов аст ё чӣ, мегуфт, ҳарчӣ мехоҳӣ, бигӯ. Ман ҳам то охир нафаҳмидам, ки номи аслии ӯ чист."

ٍУсмон Одил

Озодӣ: Ба назари Шумо, раҳбари нави ҲИУ кист?

Ваҳид Мужда: "Вақте аз тағйирот дар раҳбарии ҲИУ хабар ёфтам, зуд ба зеҳнам Мавлавӣ Абдурақиб, наздиктарин дӯстони Тоҳири Юлдош омад, ки узбаки Узбакистон аст ва ҳоло дар Покистон қарор дорад. Аммо вақте акси Усмон Ғозиро дидам, чеҳрааш аз Мавлавӣ хеле фарқ мекунад. Ин чеҳраи тоҷик ва ҳеҷ набошад, чечен аст. Вақте ман ба ҳузури Тоҳири Юлдош мерафтам, дар атрофи ӯ чеченҳо зиёд буданд. Қорӣ Тоҳир бо онҳо ба забони русӣ ҳарф мезад. Умуман, ҷаласаҳои муштараки ҲИУ ба забони русӣ сурат мегирифт. Забони форсӣ ё узбакӣ забони умумӣ набуд."

Озодӣ: То куҷо як тоҷик ё чечен метавонад раҳбарии созмонеро ба ӯҳда гирад, ки аслан муассисонаш узбактабор ҳастанд?

Ваҳид Мужда: "Вақте дар вазорати умури хориҷӣ будам, як номаи расмӣ аз Қорӣ Тоҳир гирифтам. Дар он гуфта шуда буд, ки мо бояд сиёсатҳоямонро бо кишварҳои шимолӣ - Осиёи Марказӣ, Русия, Қафқоз ва Чин бояд бо ӯ ҳамоҳанг кунем, зеро ӯро Мулло Умар - амири ин минтақа таъйин кардааст. Аммо муовини вазири вақт пас аз сӯҳбат бо Мулло Умар гуфт, мо ба умури кишварҳои дигар дахолат намекунем. Ман дар хонаи ӯ уйғурҳо, узбакҳо, чеченҳо ва тоҷиконро медидам, яъне дар ин ҳаракат саҳми як ё ду миллат нест. Ҳоло, ки бо бархе шиносҳоям аз ҲИУ сӯҳбат мекунам, мегӯянд, дигар мавзӯи миллат миёни онҳо матраҳ нест."

Озодӣ: Тоҷикон зиёд буданд?

Ваҳид Мужда: "Хеле зиёд буданд. Як маркази фарҳангӣ бо номи "Бухоро" дар Кобул буд, ки сарвариашро Маҳмадсабур ном тоҷике аз Қаротегин сарварӣ мекард ва машваратҳояшро танҳо бо худи раҳбари ҲИУ анҷом медод. Усмон Ғозӣ ба ӯ монанд нест, аммо он ҷо тоҷикони зиёди вафодор ба Тоҳири Юлдош буданд, ки он замон ҷавон буданд. Баъид нест, ки аз ҷумлаи онҳо касе ба мартабаи раҳбари ҲИУ расида бошад."

Озодӣ: Агар раҳбари ҲИУ тоҷик интихоб шуда бошад, чӣ паём дошта метавонад? Боз ҳаракати дигаре ҳам бо номи "Ансоруллоҳ" ҳаст, ки тоҷикон дар он аксариятро ташкил мекунанд?

Ваҳид Мужда: "Воқеан, гардонандаҳои ин тарҳ агар кадом як барномаеро сари Тоҷикистон доранд, ин интихоб боиси нигаронист. Аз таҷрибаи ҳодисаҳои ахир дар олами араб бармеояд, ки қудратҳо ба ҳаракатҳои исломӣ таваҷҷӯҳи зиёд мекунанд. Ҳаракатҳои исломии марбут ба Тоҷикистону минтақа ҳам бо таҳрики хориҷиҳо ва барои амалӣ кардани барномаҳои худ метавонанд дардисарҳоеро на фақат барои мардуми минтақаву Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои шимолӣ эҷод кунанд."