Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб барои латукӯб ва шиканҷаи сарбозон нисбат ба ду афсари қисмҳои низомии Вазорати мудофиа парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Икром Зоиров, додситони ҳарбӣ дар минтақа мегӯяд, ҳолати лату куби сарбозон ҳангоми тафтишу назорати муфаттишон сабт шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар як ҳолат як афсар на танҳо сарбози оддӣ, балки афсари дигареро, ки аз худ вазифаи поинтар дошт, мавриди латукӯб қарор додааст.
Ӯ гуфт: «Капитан Бӯриев Шӯҳрат аз ҳади ваколатҳои мансабии худ баромада, зертобеони худ, сержант Сайдуллоев Отаҷон ва сарбози қаторӣ Ҳасанов Мансурҷонро латукӯб намудааст, ки оиди ин ҳолат бо модаи 391 қисми 1, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, баъди тафтиши пешакӣ ба суди ҳарбӣ ирсол гардид. Дар ин ду ҳолат ҳам афсарон нисбат ба сарбозон лату кубро раво дидаанд».
Зоиров инчунин мегӯяд, кормандони додситонии низомӣ пайваста аз ҳоли сарбозони қисмҳои ҳарбӣ хабар мегиранд ва содир шудани чунин ҷиноятҳоро пешгирӣ менамоянд.
Аммо Далер Саидалиев, як сарбози собиқ мегӯяд, пешгирии воқеии чунин ҳолатҳо ва ҷазои ҷиддӣ додани онҳое, ки чунин ҷиноят содир мекунанд, ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм мекунад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолатҳо аз нигоҳи қонун пинҳон ҳам бимонад, аммо аз забони сарбозоне, ки аз хидмат бармегарданд, нақл мешавад, ки ин ба рӯҳияи ҷавонон бетаъсир намемонад.
Ӯ гуфт: «Дар давраи мо лату куб зиёд буд, вале ҳоло аз баъзе кисмҳо меоянд ва мегӯянд, ки сарбозро як шаллоқ зада намешавад, зеро ҳама шикояткунанда шудааст. Аз ин лиҳоз он қадар мушкилӣ нест, вале аз нигоҳи либоса ва хӯрока мушкили ҳаст. Ба фикри ман бояд аз ҳар хона як нафар ба хидмат биравад, ки қарз аст. Агар шароит, ки хуб шуд ва як сарбоз баргашта таблиғ кард, ки шароит хуб аст, чанд ҷавони дигар ба хизмат ҳавасманд мешавад».
Аммо Сайҳомид Назиров, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ҳарчанд вазъи хидмат дар сафи артиш нисбат ба чанд соли пеш хуб шуда бошад ҳам, аммо то ҳанӯз бисёре аз чунин ҷиноятҳо нокушода боқӣ мемонанд. Ошкор нашудани чунин ҷиноятҳоро коршинос ба минталитете вобаста медонад, ки аз замони шӯравӣ ба мерос мондааст.
Назиров мегӯяд: «Як сухан аст, ки ҳар касе аз болои афсар ё сарбози дигар шикоят мекунад, ӯро буз ё ба русӣ козёл мегӯянд. Яъне, агар як бор шикоят кард, то охири хидмат номи ӯ буз боқӣ мемонад, ки ин ба шахсияти ӯ бетаъсир намемонад. Чунин зӯровариву лату куб чуноне шоҳидон қисса мекунанд, ҳатто дар замони шӯравӣ ҳам аз ин бештар буд, аммо бо сабабҳои дар боло зикр шуда, норӯшан мемонаданд. Хубтараш, назорати прокурорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ пурзӯртар карда шавад».
Аммо Раҳмат Алиев, як коршиноси дигар мегӯяд, хидмати сарбозӣ дар Шӯравӣ ифтихор буд, аммо ҳоло баръакс шудааст. Ӯ мегӯяд, дар замони шӯравӣ барои сафарабар кардани фарзандон ба хидмат волидайн тӯй мекарданд, вале ҳоло дар назди комиссариатҳои ҳарбӣ бисёре аз онҳо «мотам» мегиранд.
Ҳодисаи латукӯби сарбозон аз ҷониби афсарон дар дус оли ахир дар минтақаи Кӯлоб бори аввал сабт мешавад. Масъулин бовар доранд, ки бо «ҷазои сазовор» додани афсарон чунин ҳолатҳо кам мегардад.