Исроил аҷсоди ҷангиҳоро ба Миср баргардонд

Зиреҳпӯши ҷангиҳо, ки дар Исроил зада шуд

Радиои Исроил хабар дод, ки Исроил аҷсоди 6 ҷангии ду рӯз пеш кушташударо ба Миср баргардонд. Ин ҷангиҳо дар пайи қатли 16 марзбони мисрӣ дар Синай савори зиреҳпӯши дуздӣ вориди хоки Исроил шуданд. Миср ин ҷангиёни исломиро “бедин” хонд, аҳди саркӯбиашонро супурдааст. Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак дирӯз гуфт, ин ҳамла бояд як “бонги изтироб” барои Қоҳира шавад. Раисиҷумҳури исломгарои Миср Муҳаммад Мурсӣ қасам хӯрда, ки Синайро таҳти “назорати комил” хоҳад овард ва ҷангиён барои ҳамлаи ахир "баҳои гароне" пардохт хоҳанд кард.