Нахуствазири Сурия ба Урдун фирор кард

Риёз Ҳиҷоб, нахуствазирии фирории Сурия.

Нахуствазири Сурия барои пайвастан ба мухолифони режими Башор Асад, бо хонаводаи худ ба Урдун паноҳ бурд.
Шабакаи хабарии Ал-Ҷазира хабар дод, ки мақомҳои урдунӣ аз «убури ғайрқонунӣ»-и Риёз Ҳиҷоб, нахуствазири Сурия дар рӯзи якшанбе аз марз ва ворид шудани ӯ ба хоки Урдун хабар додаанд.

Роми Абдураҳмон, мудири Дидбони ҳуқуқи башари Сурия низ, ки дар Бритониё мустақар аст, ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки «Риёз Ҳиҷоб аз режими Сурия ҷудо шудааст.»

Ба гузориши ин ду хабаргузорӣ, расонаҳои давлатии Сурия рӯзи душанбе аз «ихроҷ»-и Риёз Ҳиҷоб аз мақомаш хабар доданд ва ба гузориши Асошиэйтед Пресс, телевизиони Сурия далеле барои ихроҷи вай аз мақомаш эълом накардааст.

Бинобар ин гузоришҳо, ба гуфтаи телевизиони Сурия ҳам инак Умар Ғалованчӣ, муовини Риёз Ҳиҷоб ба таври муваққат ба унвони нахуствазири Сурия мансуб шудааст.

Риёз Фарид Ҳиҷоб, аз мақомоти вафодор ба ҳизби ҳокими «Баъс»-и Сурия ва вазири пешини кишоварзӣ дар ҳукумати Башор Асад буд, ки аз ду моҳ пеш ба симмати нахуствазири ин кишвар мансуб шуда буд.