"Дар баррасии робитаҳои Душанбеву Бишкек эҳтиёт кунед"

Вазорати фарҳанг бо ирсоли як нома аз расонаҳо хостааст, дар баррасии муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон аз эҳтиёт кор гиранд.
Дар ин мактуб, ки зераш вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ имзо гузоштааст, аз ҷумла омадааст, ки "дар таҳлили муносибатҳои ду кишвари ба ҳамдигар дӯсту бародар Қирғизистон ва Тоҷикистон аз инъикоси якҷониба даст кашида, масоилро аз дидгоҳи воқеият ва дӯстиву созандагӣ баррасӣ намоед."

Дар идома нома ҳамчунин омадааст, ҳафтаномаҳо "ба манзури ошноӣ бо шароити зиндагӣ ва шарҳи мунсифонаи ҳодисаву воқеаҳои дар Тоҷикистону Қирғизистон рӯйдиҳанда, инчунин ташкил намудани мусоҳибаҳо бо коршиносон дар бораи мушкилоти муштараки ҳар ду кишвар ва вокуниши саривақтӣ ба ҳар гуна мақолаҳои иғвоангез, ки метавонад муносибатҳои неки ҳамсоядориро халалдор созанд, аз тариқи таҳия ва интишори мақолаҳои таҳлилӣ» мусоидат намоянд."

Ҳарчанд бархе аз масъулони вазорати фарҳанги Тоҷикистон ирсоли чунин номаро

Хилватшоҳи Маҳмуд

тасдиқ карданд, вале аз ироаи ҷузъиёти он худдорӣ намуданд. Танҳо ишора ба он карданд, ки дар ин авохир бархе аз нашрияҳо ва расонаҳои дохилӣ ба чопи матлабҳои иғвоангез даст заданд, ки метавонад боиси барангехтани ихтилоф миёни ин ду кишвар шавад. Дар ҳамин ҳол раҳбарияти ин ниҳод номаи мазкурро мукотибаи расмии дохили вазорат унвон кард,ки ифшо намешавад.

Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд, сармуҳаррири хабаргузории «Озодагон» гуфт, номаи мазкур ҳафтае пеш ба унвонии онҳо расид: «Бе муроҷиати вазорати фарҳанг низ нашрия ва хабаргузории «Озодагон» то ин замон ҳеҷ вақт дар мавриди муносиботи Тоҷикистону Қирғизистон матолиби якҷонибаро нашр накардаву нахоҳад кард. Ин нома бар пояи воқеоти ахир дар маркази маъмурии вилояти Бадахшон рух дода ирсол шуд, ки дар ин миён дар бораи муносиботи сарҳадии ду кишвар баъзе ҳарфҳо гуфта шудаанд. Ҳамчунин дар баъзе рӯзномаҳо доир ба муносибати хушунатомез дар Ботканду Исфара, Лайлаку Чоркӯҳ ва Ворух ба нашр мерасанд ва ҳамин боис шуда, ки шояд бархе аз нашрияҳо ба таҳриф даст задаанд. Аммо мушкил миёни муносибати сарҳадии ду кишвар вуҷуд дорад ва онро пӯшида наметавон. Танҳо ин масъала бояд вокеъбинона инъикос шавад»

Дархости яке аз ниҳодҳои давлати Тоҷикистон аз расонаҳои ахбори ом дар бобати ба чӣ шакл қаламдод кардани равобити байни ду кишвар дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки нашрияҳо дар ин мавзӯъ ба иштибоҳ ё зиёдаравӣ роҳ надодаанд. Аз сӯе ҳам, агар дар муносибатҳо мушкиле пеш ояд, расонаҳо аз рӯйи таъйиноти худ нахоҳанд тавонист онро пинҳон доранд.

Давлати Усмон

Бархе аз коршиносон, ин номаро дахолате ба умури таҳририи расонаҳои ахбори ом номидаанд. Аммо бархи дигар мегӯянд, шояд талош мешавад, аз таҳрики ихтилофоте байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки тарафи савум метавонад, доман занад, пешгирӣ ба амал ояд.

Давлат Усмон, таҳлилгари тоҷик бар ин аст, ки шояд рӯйдодҳои як-ду моҳи охир дар марзи байни ду кишвар сабаби ҳушдори вазорат шуда бошад: «Муносибатҳое, ки дар шимоли мамлакат миёни Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд дорад, ки бештар аз ҳама он ҷо муноқишаҳои маҳалливу қавмӣ сурат мегиранд, вазорати фарҳангро водор ба чунин иқдом кардааст. Зеро ҳамагӣ хуб медонем, ҳоло кишварҳое ҳастанд, ки мехоҳанд муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон хароб бошад.»

Гуфта мешавад, вазорати фарҳанг дар поёни мактубаш ба расонаҳои ҳамагонӣ таъкид кардааст, ки васоити ахбори ом ҳангоми пурсидани назари коршиносон бояд аз манбаъҳои дақиқ истифода кунанд. Ин дар ҳолест худи ниҳодҳои давлат ҳангоми сар задани рӯйдодҳое дар марзи ду кишвар аз додани ҳама гуна маълумот худдорӣ мекунанд.