Мавзуна Чориева дар даври чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 60 кг пирӯз шуд ва ҳадди ақал соҳиби медали биринҷӣ мешавад.
Мавзуна Чориеваи 19-сола, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки бар асоси қуръакашӣ бидуни рақобат ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт, имрӯз, 6-уми август, бо Ченг Донги 25-сола аз Чин, барандаи дукаратаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (солҳои 2008-ум ва 2010-ум), ғолиби Бозиҳои осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин (2010) ва барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (2012, Уланбатори Муғулистон), рақобат кард.
Бо вуҷуди он ки қади Ченг Донг нисбат ба Мавзуна 17 сантиметр баландтар аст (қади Чориева 1 м 60 см мебошад), дар ин қувваозмоӣ муштзани тоҷик кӯшиш мекард, ки зарбаҳояш ба ҳадаф расанд. Қувваозмоии пуршиддат бо пирӯзии Мавзуна Чориева аз рӯи холҳо бо ҳисоби 13:8 (2:2, 2:1, 4:3, 5:2) поён ёфт.
Ҳамин тариқ, Мавзуна Чориева баъд аз ин ғалаба ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва муборизаро барои ба даст овардани унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ идома медиҳад. Бояд тазаккур дод, ғолибони даври чаҳорякниҳоӣ, ки ба нимфинал мебароянд, ҳадди ақал соҳиби медалҳои биринҷӣ мешаванд.
Президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон Бобоҷон Маҳмадрасулов, ки дар толори мусобиқа дар Лондон аз рақобати Мавзуна Чориева бо рақиби чиноиаш мушоҳида мекард, чунин гуфт:
Вай гуфт, ки аз оғоз омодагии рӯҳиву ҷисмонии Мавзуна “хеле хуб буд”.
Бобоҷон Маҳмадрасулов таъкид кард, ки барои нахустин бор дар таърихи бозиҳои олимпӣ занҳои муштзанро иҷозаи ширкат дар ин рақобатҳои бонуфуз доданд ва Мавзуна ҳам дар таърихи бокси тоҷик нахустин хонуме аст, ки ба чунин мартаба расидааст.
Мавзуна Чориева дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 8-уми август бо Кэти Тейлори 26-сола (Ирландия), қаҳрамони чаҳоркарата ва феълии ҷаҳон, рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар воқеъ, Мавзуна моҳи майи соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Чин дар даври ниманиҳоӣ аз Кэти Тейлор бо ҳисоби 6:16 мағлуб шуда, мақоми севумро касб карда буд. Тейлор, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Софя Очигаваи русиягӣ бо ҳисоби 11:7 пирӯз гашт, барои бори чаҳорум бо медали тиллои сабқати ҷаҳонӣ мукофотонида шуд.
Кэти Тейлор бегоҳи имрӯз дар вазни то 60 кило дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Наташа Ҷонас (Бритониёи Кабир), барандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ, бо ҳисоби 26:15 ғолиб омад ва ба нимфинал баромад.
Дар ду қувваозмоии дигари чаҳорякниҳоӣ Адриана Арауҷо (Бразилия) бар Маҳҷуба Оубтил (Марокаш) бо ҳисоби 16:12 ва Софя Очигава (Русия, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва барандаи феълии медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2012) бар Алексис Притчард (Зеландияи Нав) бо ҳисоби 22:4 ғолиб омаданд ва ба нимфинал баромаданд. Дар нимфинал ҳарду бо ҳам рақобат мекунанд.
Навор аз бойгонӣ: Мавзуна - духтари орзуҳо
Имрӯз, инчунин, соати 23:20 ба вақти Душанбе занон дар давидан ба масофаи 200 метр ба рақобат шурӯъ мекунанд. Дар сабқати интихобӣ дар ин намуд Тоҷикистонро Владислава Овчаренко намояндагӣ хоҳад кард.
Вале аз ӯ коршиносон натиҷаи баландро умедвор нестанд. Зеро ки натиҷаҳои нишондодаи Овчаренко дар давидан ба масофаи 200 метр аз рекорди ҷаҳонӣ (21,34 сония) паст аст. Дар воқеъ, Владислава имсол дар ин масофа рекорди Тоҷикистонро ду бор беҳтар кардааст. Натиҷаи ахиран нишондодаи ӯ дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Алматии Қазоқистон моҳи майи соли равон 23,98 сония мебошад. Рекорди пешини Тоҷикистон, ки соли 1983 гузошта шуда буд, 24,86 сония буд.
Ёдовар мешавем, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ дар Лондон 16 варзишгар дар ҳафт ришта - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ дохиланд.
Вале то ҳоло ҳашт нафари онҳо – тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова ва гурзандоз Дилшод Назаров аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Боз ҳашт варзишгари тоҷик дар риштаҳои бокс (1 нафар), варзиши сабук (давидан ба масофаи 200 метр, 1 нафар), таэквондо (2 нафар) ва гуштии озод (4 нафар) рақобат хоҳанд кард.
Чаҳор намояндаи Тоҷикистон – гуштигирон Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов, Искандари Рустам ва Николай Ноев, ки дар Русия тамрин мекунанд, рӯзи 8-уми август озими Лондон мешаванд. Коршиносон аз Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило ва Зелимхон Юсуфов (вазни то 66 кг) натиҷаҳои баландро чашмдоранд.
Ду варзишгари дигари тоҷик - Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи таэквондо ширкат хоҳанд кард.
Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:
6-уми август
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).
8-уми август
Бокс. 18:00. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/2 финал).
10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).
11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).
12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).
Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.

- Бозӣ дар чор раунд ё давр баргузор шуд. Даври аввал мусовӣ шуд. Дар се даври баъдӣ Мавзуна ғолиб омад. Аз рӯи рӯи натиҷагирии чаҳор давр ӯ ғолиби мусобиқа эълон шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар вохӯрии баъдиаш бо қаҳрамони феълии ҷаҳон Кэти Тейлор рақобат мекунад. Агар ғолиб шавад, ба даври ниҳоӣ роҳ меёбад. Агар на, пас, ӯро барандаи ҷои сеюм, яъне медали биринҷии бозиҳои олимпӣ эълон мекунанд..
Вай гуфт, ки аз оғоз омодагии рӯҳиву ҷисмонии Мавзуна “хеле хуб буд”.
- Мавзуна ҳамеша мегуфт, ки “ман барои бозиҳои олимпӣ таваллуд шудаам”. Ин шиори аслии ӯ буд. Ӯ ба худ боварӣ дошт. Ҳарчанд баъди ин қадар рӯзи бозиҳои олимпӣ бисёриҳо дарунӣ месӯзанду дар изтироб ҳастанд. Мавзуна аввал бар сари худ ғолиб омаду баъд бар сари ҳарифи худ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад