Имрӯз садҳо осори таърихии дуздишударо ба Осорхонаи миллии Афғонистон баргардонданд. Ин 843 ёдгории қочоқшуда бо кумаки Осорхонаи Бритониё кашф ва баргардонда шудааст. Бино ба ҳисобҳо, тайи солҳои ҷанги Афғонистон тақрибан 70 фоизи хазинаи Осорхонаи миллии Афғонистон ба сирқат рафт. Ашёи баргашта аз ҷумла ҳайкалчаҳои оҷи Багром, муҷассамаи Буддо, осори аҳди Бохтар ва ҳам тангаҳои даврони Юнону Бохтар ва ҳам аз асрҳои миёнаро дар бар мегирад.