Комиссия махсуси ҳукумати шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, то таҷлили 90-солагии пойтахт дар соли 2014, номи хиёбонҳо, маҳаллаҳо ва гузару кӯчаҳои шаҳрро мувофиқ ба арзишҳои миллӣ ва таърихии кишвар, иваз кунад.
Намояндагони мақомоти Ҳукумати шаҳр мегӯянд, фурсате пеш омадааст, то номҳои гузару кӯчаҳое, ки дар замони шӯравӣ ва мувофиқ ба сиёсати вақт гузошта шуда буданд, тағйиир дод.
Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфт, ки ин иқдоми ҳукумати шаҳр ба хотири эҳтироми шахсиятҳои бузурги миллӣ ва таърихии кишвар бисёр муҳим аст. Ба қавли ӯ, ба аксари хиёбону кӯчаҳо номи шахсиятҳое гузоштааст, ки ҳеҷ хидмате барои Тоҷикистон накардаанд ва мардум намедонад, ки соҳибони ин номҳо киҳо мебошанд.
Биноан, Додихудо Саймиддинов меафзояд, ки дар ҳоли ҳозир ҳайати мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот як таҳлилеро дар мавриди номгузорӣ омода кардаанд ва ба комиссияи махсуси ҳукумати шаҳри Душанбе пешниҳод хоҳанд кард:
«Бубинед, илми хоси номгузорӣ вуҷуд дорад. Ҳоло бештари кӯчаву хиёбонҳо ба номи шоирону нависандагон гузошта шудааст, албатта ин падидаи хуб аст, аммо дар Кумита номи тамоми шаҳру деҳотро ҷамъоварӣ карданд ва мебинед, ки номи чандин маҳаллу хиёбонҳо ва кӯчаву гузарҳо ба номи як шахс иртибот мегирад. Масалан, ба номи Устод Турсунзода хеле маҳалу хиёбону кӯчаҳо номгузорӣ карда шудаааст. Агар устод зинда бошанд, аслан ба ин амали ноогоҳонаи ҳукуматҳои маҳаллӣ розӣ буда наметавонад. Ё агар фаротар равем, номи «Фалғар» як исми суғдии қадимӣ аст ва хеле зебо мебошад, ҳеҷ вақт устод Айнӣ ниёз надоштанд, ки номи ин ноҳия ба номи эшон гузошта шавад».
Ҷаноби Саймиддинов меафзояд, ки дар замони шӯравӣ афроди зидахл бисёр номҳои деҳоту хиёбонҳо ва кӯчаҳоро тавре номгузорӣ кардаанд, ки ба таъриху фарҳанг ва мардуми Тоҷикистон ҳеҷ созгор нестанд..
Ахиран Комиссияи номгузории пойтахт номи чанд хиёбону гузарҳоро дар ҳамин замина тағйир дод.Тавре дафтари матбуоти ҳукумати шаҳр мегӯяд, тибқи қарорҳои Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, гузаргохи якуми кӯчаи "Пионерская"-и ноҳияи Сомонӣ ба номи ҳунарпешаи халқии СССР Ҳанифа Мавлонова, кўчаи "Привокзалная"-и ноҳияи Шоҳмансур ба номи шоири халқии Тоҷикистон Қутби Киром ва кўчаи “9 январ"-и ноҳияи Сино ба номи шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Аюбӣ гузошта шудааст.
Вале бо ин вуҷуд, агар ба хиёбонҳо ва кӯчаҳои пойтахт гузар кунед, номҳоеро ба мисли "Советская", "Павлова», "Шевченко", "Телман", "Интернатсионалная", "Карамов" ва боз ба ҳамин монанд даҳҳо номгузориҳоеро мебинед, ки ба қавли Абдулҳамид Самадов, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, ҳоло дар Русия ҳам иваз карда шудаанд.
Абдулҳамин Самадов, ки ҳамзамон узви Комиссия номгузории пойтахт низ мебошад, мегӯяд, ки дар раванди иваз кардани номҳо пешниҳоди сокинони кӯчаҳо, журналистон, афроди ҷамъиятӣ ва фарҳангии кишвар ба инобат гирифта мешавад:
«Албатта дар шаҳри мо номҳое ҳастанд, ки ҳеҷ кас намедонанд соҳибони ин номҳо кӣ ҳастанд. Ва ҳатто сокинони баъзе кӯчаҳо маъно ва ё соҳиби номи гузари худро намедонанд. Ва воқеан он номҳое, ки ба таъриху фарҳанги мо алоқа надоранд, бояд иваз карда шаванд. Номҳое, ки дар таърих фарҳанги марҳилаҳои таърихии кишвар шинохта шуда ҳастанд ва мардум онро медонад ва барои шаҳр ва маҳалаи худ хизмат кардаанд, бояд гузошта шавад.»
Аз сӯи дигар, бо назардошти зарофатҳои номгузории кӯчаву хиёбонҳо, баъзе аз ҳамсӯҳбатони мо ишора мекунанд, ки номи ашхоси маъруф ва бузургони фарҳангу таърихи миллӣ то кунун, тавре гузошта шудааст, ки сокинони шаҳр намедонанд инҳо аслан кӣ ҳастанд.
Ба унвони намуна хиёбони "И.Сомонӣ", кӯчаи "Л.Шералӣ", ё "А.Дониш", "С.Ғанӣ", "Ғ.Абдулло", "М.Холов" ва даҳҳо мисоли дигар метавон овард, ки ба қавли баъзе аз сокинони шаҳр ин шакли номгузорӣ барои хусусан насли имрӯз рӯшание намедиҳад. Аз ин рӯ соҳибназарон мегӯянд, ки дар оғоз ва поёни кӯча ё хиёбону гузару тангкӯчаҳо ба номи шахсе, ки номгузорӣ шудааст, ҳатман маълумотнома ва лавҳа гузошта шавад.