ИМА эълон кардааст, ки нуфузи шабакаи террористии Ал-Қоида дар саросари олам “рӯ ба завол” аст.
Вале ҳаводиси ахири Ироқ аз он гувоҳ аст, ки ин созмони даҳшат афкан саъй дорад, бо сару садои зиёд аз бозгашташ ба Ироқ ҳушдор диҳад. Ахиран гурӯҳҳои марбут бо Ал-Қоида дар гӯшаҳои мухталифи Ироқ ҳамлаҳову бомбгузориҳо ташкил намудааанд, ки дар натиҷа моҳи июл ба серталафоттарин моҳи Ироқ дар давоми ду соли гузашта табдил ёфт.
Силсилаи ҳамлаҳои намоишкоронаи тобистони соли равон аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ал-Қоида ба Ироқ баргаштааст. Бар пояи иттилои вазорати беҳдошти Ироқ, моҳи июл ҷангҷӯён дар ин кишвар 325 ироқии осоиштаро ба қатл расонданд, ки дар ду соли ахир моҳи аз ҳама серталафот ба шумор меравад. Ба қавли коршиносон, Ал-Қоида ҳамлаҳояш дар Ироқро ба воситаи гурӯҳҳои марбут ба ин созмони террористӣ амалӣ мекунад.
Ҳамчунон коршиносон таъкид мекунанд, ки авҷи ҳамлаҳои Ал-Қоидаи Ироқ ба солҳои 2004-2007-ум рост меояд, вале беруншавии нерӯҳои ИМА аз Ироқ имкон додааст, ки Ал-Қоида сафҳояшро аз нав ба тартиб овардаву нуфузашро дар берун аз хоки Ироқ низ тавсеа бахшад.
Созмони даҳшатафканӣ бо номи Давлати Исломии Ироқ (ISI), ки як шохаи Ал-Қоидаи Ироқ ба ҳисоб меравад, масъулияти силсилаи ҳамлаҳои ахири Ироқро бар ӯҳда гирифтааст.Танҳо дар таърихи 23-юми июл даҳҳо ҳамлаи ҳамоҳангшуда бар зидди мусулмонони шиамазҳаб дар гӯшаҳои мухталифи Ироқ ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа беш аз 100 кас кушта шуданд.
Ҳафтаи равон департаменти давлатии ИМА гузориш дод, ки нуфузи Ал-Қоида дар саросари олам “рӯ ба завол” аст. Дар айни замон гузориш хотирнишон мекунад, ки дар охирҳои соли 2011-ум Ал-Қоидаи Ироқ саъй дошт, ба ошӯби мардумӣ бар зидди диктатураи Башор ал-Асад пайваста, ба ин восита нуфузашро дар қаламрави Сурия тавсеа диҳад.
Раҳбари созмони Давлати Исломии Ироқ (ISI) Абубакри Бағдодӣ эълон кардааст, ки низои Сурия бахше аз муборизаи мусулмонони суннимазҳаб бар зидди мусулмонони шиамазҳаб дар Ховари Миёна аст. Давлати Исломии Ироқ худро сарбози сунниҳои аз қудрат дур мондаи Ироқ ва ҳамзамон ҳомии ошӯбгарони суннимазҳаби Сурия, ки бар зидди режими алавиҳои шиамазҳаби Сурия қиём кардаанд, нишон медиҳад.
Ҷамол Абдулҷавод Султон устоди донишгоҳи амрикоии Қоҳира дар ин бора мегӯяд: “Ба маънии васеътар низоъ миёни ошӯбгарони суннии Сурия бо шиаҳо ё худ ҳукумати алавии ин кишвар ба фаъолиятҳои Ал-Қоида дар Ироқ шаръият ва имкони бештар фароҳам меорад.”
Сет Ҷонс, мутахассиси соҳаи муқовимат ба терроризм дар пажӯҳишгоҳи Ранди Вашингтон мегӯяд, Ал-Қоидаи Сурия шохаи Ал-Қоидаи Ироқ буда, ҷангҷӯёни ироқӣ ҳампаймонҳояшон дар Сурияро бо силоҳ, афрод таъмин намуда, ба онҳо бомбсозиву бомбгузорӣ таълим медиҳанд. Ҷонс меафзояд: “Ба фикрам нооромиҳои Сурия ва пайи пойи Ал-Қоидаи Ироқ дар Сурия ба онҳо дар Ироқ низ нерӯи тоза мебахшад. Дар айни замон бояд гуфт, ки ҳоло онҳо назар ба солҳои 2004-2005-ум дар мавқеи заифтаранд.”
Мансабдорони ироқӣ шохаҳои ал-Қоида дар Ироқу Сурияро як созмон мешуморанд. Аз ин ҷост, ки Ироқ дар Ҷомеаи кишварҳои Араб тақозои истеъфои Башор ал-Асадро канор гузоштааст.
Аммо устод Султон аз Донишгоҳи амрикоии Қоҳира илова мекунад, ки агар ҳукумати Ироқ як лоиҳаи воқеии тақсими қудрат миёни намояндагони гурӯҳҳои мухталифи мазҳабиву қавмиро тартиб надиҳад, бозгашти Ал-Қоида боз ҳам возеҳтар мушоҳида хоҳад шуд. Ин донишманд бо ишора ба умумиятҳои қавмиву мазҳабии Ховари Миёна аз эҳтимол намедонад, ки дар оянда бӯҳронҳои Сурияву Ироқ ба як бӯҳрони умумӣ табдил меёбанд.