«Ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Тоҷикистон дурӯғ аст»

Пули "Дӯстӣ" миёни Тоҷикистон ва Афғонистон.

Сафорати Афғонистон дар Душанбе хабари эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирони афғон аз қаламрави Тоҷикистонро расман рад кард.
Муддати ду рӯзи ахир бархе аз расонаҳои хабарии Русия иттилоъ доданд, ки «мақомоти Тоҷикистон дар пайи ҳаводиси Хоруғ, имкони ихроҷи муҳоҷирони афғон аз қаламрави ин кишварро баррасӣ мекунанд».

Ин нашрияҳо бо такя ба манобеи наздики сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, ки нахостаанд номашон ифшо шаванд, навиштанд, ки «ин иқдом ба даст доштани бархе аз шаҳрвандони афғон ба ҳаводиси ахир дар Хоруғ рабт мегирад».

Аммо Бежани Салчуқӣ, вобастаи фарҳангии сафорати Афғонистон дар Душанбе дар сӯҳбат бо РО ин хабарро комилан рад кард ва гуфт, «ин хабар cабаби баргузории як ҷаласаи ҳайати намояндагии дипломатии Афғонистон дар Душанбе гардид. Ҳеҷ кас инчунин мусоҳибаеро бо расонаҳо накардааст ва ин хабар дурӯғи маҳз аст. Мо инро расман рад мекунем ва имкон дорад, раддияи расмие низ мунташир созем».

Дипломати афғон бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки хабар дар расонаҳои русӣ нашр шудааст, гуфт, эҳтимол дорад, ин расонаҳо манофеъеро бо пахши ин хабар дунбол мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд тан аз масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирони афғон аз ин кишварро беасос хонданд.

Толибҷон Шарифов, сардори раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин бора ба РО гуфт, «ин хабар ягон асосе надорад ва ин мавзӯъ аслан матраҳ нашудааст. Мо касеро пеш карданӣ нестам.Тибқи қонунгузории Тоҷикистон муҳоҷироне, ки иҷозаи кор ва фаъолият доранд, бидуни мамоният метавонад кору фаъолият кунад. Барои ҳамин шаҳрвандони дигар кишварҳо, аз ҷумла афғонҳо низ ба кору фаъолияти худ дар асоси қонунҳои кишвар машғуланд».

Зимнан, тибқи гузоришҳои расмӣ дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор муҳофири афғон ба сар мебаранд, ки аксари онҳо ҳанӯз дар даҳаи 1990 милодӣ ба Тоҷикистон омадаанд ва бештари онҳо ба умури тиҷорат машғуланд.

Аммо хабари эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Тоҷикистон дар ҳоле тавассути бархе аз расонаҳо матраҳ гардид, ки дар пайи амалиёти вижаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон, мақомот эълом карданд, ки 40 нафар аз аъзои гурӯҳи мусаллаҳ боздошт шудаанд, ки 8 нафари онҳо шаҳрванди Афғонистон ҳастанд.

Аммо як намояндаи гурӯҳи 20 нафарӣ, ки барои даст ёфтан ба сулҳ дар Хоруғ ташкил шудааст, ба РО гуфт, ки ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ 4 шаҳрванди афғонро боздошт карда ва баъдан ба сабаби он, ки онҳо ба тиҷорат дар бозори шаҳри Хоруғ машғул будаанд, раҳо шуданд.

Дар ҳамин ҳол се рӯзи пеш ниҳодҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон чаҳор фармондеҳи ин минтақаро дар робита ба ҳаводиси Тоҷикистон боздошт карданд. Қорӣ Вадуд, фармондеҳи пешини ҷиҳодӣ, ки ба ҳайси қумандони амниятии вулусволии Шуҳадо дар Бадахшони Афғонистон иҷрои вазифа мекард, яке аз ин фармондеҳон будааст.

Қорӣ Вадуд, эҳтимолан яке аз даҳ нафар фармондеҳонест, ки дар феҳрасти мавриди ҷустуҷӯи ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.Тибқи иттилои расмии ҷониби Афғонистон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ҷумҳурии кишвари ҳамсоя Ҳомиди Карзай феҳрасти 10 қумандони афғонро таслим кардааст, ки ба гумони Душанбе эҳтимолан дар “аъмоли террористӣ ва ҳам қочоқи маводи мухаддир” даст дошта, бо гурӯҳҳои ҷангӣ дар хоки Тоҷикистон ҳамкорӣ мекардаанд.

Баъд аз шурӯи амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ дар рӯзи 24-уми июл, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай роҷеъ ба вазъи Бадахшон ва хатароти эҳтимолии убуру мурури марзи муштарак аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи тоҷик радду бадал кард.

Ин буд, ки рӯзи 25-уми июл, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон ва Раҳматулло Набил, раҳбари амнияти миллии Афғонистон сафаре ба Тоҷикистон доштанд ва бо президент Раҳмон ва дигар мақомоти амниятии Тоҷикистон доир ба тақвияти амнияти марзи ду кишвар, ба вижа дар вилояти Бадахшон гуфтугӯҳое анҷом доданд.