Ҷарима барои дипломфурӯшӣ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як гурӯҳи 8 нафарӣ, аз ҷумла ду муаллими Донишгоҳро дар қаллобӣ ва таҳияву фурӯши дипломҳои сохта гунаҳкор донист ва аз 14 ҳазору 600 то 32 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин кард.
Ҳамчунин бархе аз онҳо аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти муаллимӣ ба муддати 2-3 сол ва нафаре аз кори барномарезии компутерӣ барои 2 сол маҳрум гаштанд.

Ба гуфтаи додгоҳ, 8 нафари ҷарима шуда, ба шумули ҷонишини мудири шӯъбаи таълимии Донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд – Дилрабо Солиева ва Мақсадой Солиева, мудири шӯъбаи фарҳанги Донишгоҳи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар Хуҷанд, ки бо ҳам робитаи хешутаборӣ надоранд, бар ивази маблағ дипломҳои қалбакии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ва РОСНОУ (Донишгоҳи нави Русия) - ро таҳия намуда, бар ивази маблағ ба шаҳрвандони таҳсилнадида мефурӯхтанд.

Абдуллоҷон Нормуҳаммадов, додраси додгоҳи Хуҷанд ва раиси мурофиаи ин афрод гуфт: "Мақсади аслии ин афрод, ба даст овардани фоидаи муфт буд. Онҳо дипломҳои маълумоти олӣ тайёр мекарданд ва бо роҳи фиребу қаллобӣ ба шаҳрвандон мефурӯхтанд."

Додрас Нормуҳаммадов ба ҳайси мисол гуфт, Мақсадой Солиева барои Даврон Бобохонови довталаб бар ивази 1 ҳазор доллари амрикоӣ ва 18 ҳазор рубли русӣ тавассути Ҳаким Турдиев, дигар аз ҷаримашудагон дипломи бахши РОСНОУ(Донишгоҳи нави Русия) омода мекунад. Дар ҳоле ки Бобохонов ба остонаи донишгоҳи мазкур по нагузошта буд. Зимнан, намояндагии РОСНОУ то чанд сол пеш дар Хуҷанд фаъолият мекард. Сипас Вазорати маорифи Тоҷикистон фаълолияти онро қатъ кард ва ин Донишгоҳ дар Қирғизистон сабти ном шуда, ба ноҳияи Лайлаки 15 километрии Хуҷанд кӯч баст.

Ё Дилрабо Солиева, муаллимаи ДДХ аз Парвина Байзоева ном довталаб чун ҳаққи таҳсили вай боз ҳам дар РОСНОУ 800 доллар ситонида, ба ҷайби худ мезанад, ки баъдан ин амали ӯ ошкор мешавад.

Ҳамин тавр, додгоҳи Хуҷанд Ҳаким Турдиев, муовини сарвари ҶММ “Ахтари Суғд”-ро 32 ҳазор сомонӣ, нафақахӯр–Нина Каменева 28 ҳазор, Валерий Бронников–барномасози компутер дар як бахши “Амонатбонк”, ба 16 ҳазор, Дилбар Тошматова–мудири бойгонии ДДХ 16 ҳазор, Мақсадой Солиева 14 ҳазору 600, Дилбар Солиева –ҷонишини мудири шӯъбаи таълимии ДДХ 14 ҳазору 600, Муқим Рустамов – мудири анбори ДДХ ва Давлат Давлатов – муҳандиси сохтмон дар Донишгоҳи кӯҳии металургии Тоҷикистон дар шаҳри Чкаловро16 ҳазору 600 сомонӣ ҷирима баст.

Аз ин афрод Нина Каменева ва Муқим Рустамов бинобар ҳусни хати зебо доштан ба пур кардани дипломҳо (бар ивази 50 сомонӣ) ҷалб шудаанд.

Додгоҳ аксари кулли ин афродро мутобиқи бандҳои 247: “қаллобӣ” ва 340: “сохтакории ҳуҷҷатҳо” –и қонуни ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донист.

Вале Равшаной Маҳкамова, ки яке аз муттаҳамин, Нина Каменеваро замони тафтишоти пешакӣ ҳимоят мекард, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Дар кирдори зерҳимояам Каменева нишонаҳои кирдори “қаллобӣ” дида намешавад. Чунки он шахсоне, ки ба вай маблағ медоданд, аниқ медонистанд, ки барои пур кардани дипломи қалбакӣ пул медиҳанд. Бинобар ин ба сабаби набудани ҷабрдидаи қаллобӣ бояд ин банди айбдорӣ алайҳи зерҳимояам бекор карда мешуд, ки мутаассифона, аз ҷониби тафтишоти пешакӣ ва додгоҳӣ ба инобат гирифта нашуд.”

Қарори додгоҳ алайҳи 8 нафар бегоҳи рӯзи 2 - юми август дар боздоштгоҳи муваққат, ба истилоҳ СИЗО – и рақами 2 – и шаҳри Хуҷанд қироат шуд.

Ин афрод моҳи марти соли равон аз ҷониби кормандони Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод ва додситонии вилояти Суғд боздошт шуда, вале замони тафтиши парванда дар озодӣ, ба шарти хориҷ нашудан аз маҳали зисти худ зиндагӣ мекарданд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд эълон дошт, ки моҳи майи соли равон алайҳи 3 устоди ДДХ ба гумони содири ҷиноятҳои марбут ба ришвахорӣ парванда боз кардааст.

Дар соли гузаштаи 2011, ба маълумоти ин ниҳод, 18 муаллими мактабҳои олии вилояти Суғд ҳангоми ситонидани ришва аз донишҷӯҳову донишҷӯшавандагон боздошт ва муҷозот шудаанд.