Эрон барои идомаи музокирот бо ҷомеаи байнулмилалӣ оид ба барномаи ҳастаияш розӣ шуд.Қарор аст, ки гуфтушунид ҳамин моҳ баргузор шавад. Мувофиқат дар ин бора дар гуфтугӯи телефонӣ миёни раиси бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ва раиси ҳайати Эрон дар музокироти ҳастаӣ Саид Ҷалилӣ ҳосил шуд.Мавзӯи дар кадом чаҳорчӯб ва дар куҷо баргузор шудани музокирот баррасӣ мешавад.
Аз моҳи апрел дар Истамбул, Бағдод ва Маскав се даври музокироти Эрон бо "шашгона" - панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон баргузор гардид ва аммо ҷонибҳо то ҳол ба пешрафте муваффақ нашудаанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори қатъи ғанисозии ураниум аз сӯи Теҳрон шудааст ва ҳадс мезанад, ки Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ талош мекунад. Ва аммо Теҳрон пайваста такрор мекунад, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.