Сенати ИМА номзадии сафири нави Афғонистонро пазируфт

Ҷеймс Каннингэм

Сенати ИМА аз номзадии Ҷеймс Каннингэм ба мақоми сафири нави кишвар дар Афғонистон пуштибонӣ кард. Номзадии ӯ аз сӯи раисиҷумҳур Барак Обама пешбарӣ шуда буд.

Ҷеймс Каннингэм, сафири пешини ИМА дар Исроил, беш аз як сол муовини Райан Крокер, сафири Амрико дар Кобул буд. Аз ин пеш ӯ дар намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Ҳонконг, Созмони Милал ва НАТО кор кардааст.

Райан Крокер, сафири ИМА дар Афғонистон, моҳи май ба далели беморӣ аз мақомаш истеъфо дод.