ИМА сармоягузорӣ ба Покистонро аз сар гирифт

Мулоқоти Ҷон Аллен ва Парвиз Киёнӣ дар шаҳри Равалпиндӣ

Ҳукумати Покистон барои мубориза бо гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимолу ғарби кишвар аз ИМА беш аз миллиард доллар кӯмак гирифтааст. Намояндаи Бонки давлатии Покистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тайид кард.

Вошингтон моҳи ноябри соли гузашта, баъд аз ҳалокати 24 сарбози покистонӣ дар ҳамлаи иштибоҳии ҳавопаймои НАТО ва эътирозҳои Исломобод, аз ҷумла, қатъи интиқоли борҳо барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон аз тариқи қаламрави кишвар, сармоягузории мубориза бо терроризм дар Покистонро мутаваққиф карда буд.

Интиқоли маблағ дар арафаи сафари фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон Ҷон Аллен ба Исломобод аз сар гирифта шуд. Генерал Аллен дирӯз дар шаҳри Равалпиндӣ бо раиси Ситоди кулли артиши Покистон Ашфоқ Парвиз Киёнӣ масоили амниятиро баррасӣ кард.