Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дастури махфиеро имзо кард, ки он Хадамоти Маркази кашф ё ЦРУ-ро барои кӯмаки бештар ба ошӯбгарони суриягӣ муваззаф мекунад.
Дар ин бора шабакаҳои телевизионии Амрико бо такя ба манбаъҳояшон дар Кохи Сафед хабар доданд. Аммо дафтари Барак Обама ин хабарро расман тайид ё рад накардааст. Вошингтон пайваста мегуфт, ки барои бо силоҳ таъмин кардани ошӯбгарони суриягӣ омода нестанд, зеро ҳарос доранд, ки аслиҳа ба дасти гурӯҳҳои иротгаро меуфтад. Кохи Сафед аз мухолифини ҳукумати Сурия пуштибонии сиёсӣ мекунад ва истеъфои Башор Асадро талаб дорад.
Қарор аст имрӯз дар Маҷмааи кулли СММ раъйдиҳӣ ба тарҳи нави қатънома оид ба Сурия, ки аз сӯи кишварҳои араб таҳия шудааст, сурат бигирад. Дар он аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад даъват шудааст, ки қудратро дар ихтиёри ҳукумати давраи гузариш вогузорад.