Куштори чаҳор сокини осоишта дар вилояти Вардак

Дар вилояти Вардак, воқеъ дар марказии Афғонистон, аз сӯи ҷангҷӯён чаҳор сокини осоишта кушта шуданд.

Шаҳидулло Шаҳид, намояндаи ҳукумати вилоят, хабар дод, ки ин афрод шоми сешанбе баъд аз рабуда шуданашон ҳадафи тир қарор гирифтанд. Ҳар чаҳор нафар аз Кобул ба минтақаи дурдасти вилоят – Дилрез мерафтанд. Ҷасадҳои онҳоро сокинони маҳаллӣ ошкор карданд.

Ҳафтаи гузашта низ дар вилояти Вардак ҳамин гуна ҳодиса рӯх дода буд – он вақт панҷ корманди хадамоти амнияти Афғонистон рабуда ва эъдом шуда буданд.

Масъулияти он ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифта буд.