Тавсифи Башор Асад аз набардҳои артиши Сурия

Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар рӯзи иди артиш аз нирӯҳои мусаллаҳаш тавсиф кард, ки бо набард алайҳи “ҷинояткорони террорист” сарнавишти мардум ва кишвар”-ро таъйин мекунанд. Асад, ки ҳудуди ду ҳафта боз дар мазҳари омм зоҳир намешуд, иддао кардааст, ки “ҷосусони дохилӣ” ба “душманони хориҷӣ” барои тахриби кишвар кумак мекунанд. Ин изҳорот дар ҳолест, ки нирӯҳои содиқ ба Асад 5 рӯз боз бо истифода аз тӯпу ҳавопаймоҳо дар Ҳалаб алайҳи чирикиҳо меҷанганд. Ба ҳисоби фаъолон, тайи якуним соли ошӯбҳо дар Сурия ҳудуди 20 000 нафар ҷон бохтаанд.