Тавзеъи нирӯи барқ дар Ҳинд барқарор шуд

Тавзеъи нирӯи барқ дар Ҳинд имрӯз барқарор шуд. Тақрибан нисфи ин кишвар барои беш аз 10 соат аз барқ маҳрум шуда буд. Вазири нирӯи барқ Вираппа Мойлӣ гуфт, тавзеъи барқро комилан барқарор кардаанд. Ширкати давлатии барқ хабар дод, ки кори шабака дар пойтахт ва ҳам дар вилоёти шимол ва шарқи Ҳинд ба ҳолати оддиаш баргашт. Бар асари садамаи дирӯза 19 аёлат ва пойтахт -Деҳлӣ, дар маҷмӯъ, 620 миллион нафар бидуни барқ монд. Мақомот иллатҳои қазияро таҳқиқ мекунанд, вале мегӯянд, иллаташ ғолибан аз шабакаи барқ кашидани барқи изофӣ аз ҷониби аёлатҳост.