Клинтон ба Африқо сафар кард

Ҳилларӣ Клинтон

Котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон сафараш ба шаш кишвари африқоиро оғоз намуд, ки дар рафти он масъалаҳои амниятиву иқтисодӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Рӯзи сешанбе Клинтон аз Сенегал, сипас аз кишвари тозаистиқлоли Судони Ҷанубӣ, Уганда, Кения, Малавӣ ва Африқои Ҷанубӣ зиёрат хоҳад кард. Ба қавли мансабдорони амрикоӣ хонум Клинтон саъй хоҳад кард, дар таҳкими ниҳодҳои демократӣ, ки метавонанд пояи рушди иқтисодии кишварҳои африқоӣ шаванд, талош варзад. Ҳамчунон ИМА баҳри коҳиши қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва мутаваққиф намудани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ садо баланд хоҳад кард.