Торнамои Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳам дастнорас шуд

Ҳикматулло Сайфуллозода

Дастрасӣ ба торнамои наҳзат.tj, торнамои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, шоми 30-юми июл маҳдуд шудааст. Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби Наҳзати Исломӣ, рӯзи сешанбе, 31-уми июл, ба Радиои Озодӣ гуфт, "торнамои ҳизб дар ҳоли ҳозир аслан боз намешавад" ва хонандагон аз ҳар гӯшаи шаҳр муроҷиат кардаанд, ки наметавонанд сайти онҳоро боз намоянд. Ба қавли Сайфуллозода, сайти онҳо шомили провайдери "Тоҷнет" будааст.

Бо ин ҳол, дастрасӣ ба торнамои ҲНИТ аз тариқи баъзе провайдерҳо ё ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир имконпазир аст. Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ин мушкили фаннист ва базудӣ рафъ хоҳад шуд.

Аммо намояндаи яке аз провайдерҳои бонуфуз, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, дар таърихи 27-уми июл ба онҳо як "руйхати сиёҳ" пешниҳод кардаанд, ки дар он торнамоҳои "Наҳзат.Тҷ", "Би-би-сӣ", "Озодагон", "Твиттер" ва Ютюб зикр шудааст. Аммо Бег Сабуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон вуҷуди "руйхати сиёҳ"-ро рад карда ва гуфт, шояд мушкил дар худи провайдерҳост. Вай афзуд, "ҳоло камтар мушкил пеш ояд, мегӯянд, ки Бег Зуҳуров масдуд кард, ки ин нодуруст аст".

Аз ин пештар торнамоҳои бахши тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва узбакии Би-би-сӣ дар қаламрави Тоҷикистон дастнорас гардида буд. Вале баъдан масъулони ин торнамоҳо баён доштанд, ки дастрасӣ ба сайти онҳо дубора барқарор шудааст.