Ромнӣ гуфтааст, аз ҳамлаи Исроил ба Эрон ҳимоят мекунад

Мит Ромнӣ (чап) бо Бенямин Нетаняҳу (рост)

Мит Ромнӣ, номзади ҷумҳурихоҳон, гуфтааст, аз ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ҳимоят мекунад.
Яке аз мушовирони аслии Мит Ромнӣ, номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико, гуфтааст, дар сурати ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эрон, Ромнӣ аз ин иқдом пуштибонӣ хоҳад кард.

Мушовири Мит Ромнӣ дар умури байналмилалӣ, рӯзи якшанбе (29-уми июл) дар Исроил ба хабарнигорон гуфт, “ҷаноби Ромнӣ ба ҳар тасмими Исроил дар робита ба Эрон эҳтиром мегузорад ва агар Исроил ночор барои дифоъ худ монеи дастёбӣ Эрон ба ҷангафзори ҳастаӣ шавад, Ромнӣ аз он ҳимоят мекунад.”

Ин ҳарфҳои мушовири номзади ҷумҳурихоҳон ҳамзамон бо истиқболи Бенямин Нетаняҳу аз Мит Ромнӣ баён шуд. Нахуствазири Исроил рӯзи якшанбе дар дафтари кори худ аз Мит Ромнӣ пазироӣ кард ва рӯзе пур аз кору мулоқот барои ҷаноби Ромнӣ дар Исроил ҳам оғоз ёфт.

Хабаргузории Ассошиайтед-Пресс дар тафсири ин суханони мушовири Мит Ромнӣ навиштааст, ин изҳорот аз тааҳҳудоте, ки пештар Мит Ромнӣ дар қиболи Исроил баён карда, ҷиддитар аст.

Гуфта мешавад, Барак Обама бо ҳамлаи Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эрон мухолиф аст ва ҳамвора талош карда, то нахуствазири Исроиро бовар кунонад, ки барои таъсири таҳримҳҳо бар Ҷумҳурии Исломӣ сабр пеша намояд.

Мит Ромнӣ дар ҳоле сафари худ ба Исроиро оғоз кардааст, ки Барак Обама рӯзи ҷумъаи гузашта қонуни наверо барои густариши ҳамкориҳои низомӣ ва ғайринизомӣ бо Исроил имзо кард. Ба назар мерасад, Барак Обама дар остонаи сафари Ромнӣ ба Исроил ва барои коҳиши интиқодҳои ин рақиби худ дар заминаи сиёсати Обама дар иртибот бо Телавив, ин қонунро имзо гузошт.

Мит Ромнӣ бар ин бовар аст, ки Барак Обама мӯҷиб (боис)-и "заиф гардидан"-и Исроил ва ҳатто таҳқири ин кишвар шудаст. Вай гуфтааст, "Исроил муҳимтарин ва наздиктарин ҳампаймони Амрико, шоистаи рафтори беҳтар аз сӯи Амрикост."