Дархости занони Хоруғ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Гурӯҳе аз занони Хоруғ ба раиси ҷумҳур муроҷиат карда, хостори берун овардани нерӯҳои давлатӣ аз шаҳр шудаанд.

Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ, ки бештари онҳо занонанд, дар назди бинои ҳукумати Бадахшон гирдиҳам омаданд. Онҳо бо муроҷиат ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, талаб доранд, ки сарбозону нерӯҳои давлатӣ аз шаҳр хориҷ ва ба қароргоҳи доимияшон, яъне ба наздикии фурудгоҳ баргардонида шаванд.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз бархе аз низомиён ва гурӯҳҳои таъйиноти махсус дар манзили шаҳрвандон ва биноҳои нотамом, воқеъ дар маҳаллаи Бизмич ва УПД дар ҳолати дидбонӣ қарор доранд.

Сокинон аз эҳтимоли рӯ задани ҳар гуна иғвову дасиса, ки метавонад вазъиятро боз ҳам муташанниҷ сохта, боис ба амалиёти дубораи низомӣ шавад, нигаронанд. Зеро дар натиҷаи амалиёти қаблии низомиён хисороти зиёди моливу ҷонӣ ба миён омада, сокинонро дар ҳолати тарсу ваҳм қарор додааст.