Бозии охирини мавқуфгузоштаи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Гвардия”-и Душанбе шоми 28-уми июл поён ёфт.
Ин бозии мавқуфмондаи даври 13-уми мусобиқаи Лигаи олӣ, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳузури 4 ҳазор тамошогар баргузор шуд, бо ҳисоби бузурги 4:1 ба фоидаи мизбонон ба охир расид.
Голҳои “Вахш”-ро Фазлиддин Насриддинзода (дақиқаи 2), Умедҷон Шарифов (45), Хуршед Бекназаров (55) ва Сиёвуш Асроров (90) заданд. Як голи меҳмононро Абдурасул Раҳмонов аз пеналтӣ ё ҷаримаи ёздаҳметра дар дақиқаи 74-ум ба ҳадаф расонд.
Ин пирӯзӣ ба дастаи “Вахш” имкон дод, ки бо 19 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои панҷум барояд. Вале тими “Гвардия” бо се имтиёз дар зинаи охирин – 13-ум ҷойгир шудааст.
Баъди анҷоми бозии «Вахш» ва «Гвардия» нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Карим Тошпӯлодов, сармураббии дастаи “Гвардия”-и Душанбе, ба хабарнигорон гуфт, “бозӣ хуб гузашт. Мо ҳамагӣ дар ҳайати дастаамон 13 бозигар дорем, ки 5 нафари онҳо дирӯз дар ҳайати дастаи ҷавонон бозӣ карданд ва имрӯз боз ба майдон омаданд. Ҳаво хеле гарм буд ва бозӣ кардан мушкил буд. Мо нақша дорем, ки дар давраи дуюм якчанд бозигар ба даста даъват кунем ва бозии хубтар нишон диҳем.”
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими “Вахш”, аз бозии дастааш изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, “мо дар давраи аввали мусобиқот имкон доштем, ки дар байни се дастаи беҳтарин ҷойгир шавем, вале дар баъзе бозиҳо, ки бо бартарии мо гузаштанд, холҳоро аз даст додем. Ба андешаи ман, дар давраи дуюми мусобиқот мубориза барои унвони қаҳрамонӣ байни се дастаи пешсаф - “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” ва “Истиқол” боз ҳам шиддат хоҳад гирифт.”
Ҳамин тариқ, давраи аввали мусобиқот ба анҷом расид. "Регар-ТадАЗ" бо 32 имтиёз ғолиби давраи аввал гардид. Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо 31 имтиёз мақоми дувумро касб кард. Дастаи "Истиқлол" бо 26 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) -10 гол, Асадулло Бобоҷонов ("Парвоз") - 9 гол, Габриэл Донто (“Энергетик”), Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) - 8-голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”), Индус Ҳусейнзода ("Хуҷанд") – 7-голӣ, Юсуф Рабиев, Иброҳим Рабимов (ҳарду - «Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 6-голӣ.
Голҳои “Вахш”-ро Фазлиддин Насриддинзода (дақиқаи 2), Умедҷон Шарифов (45), Хуршед Бекназаров (55) ва Сиёвуш Асроров (90) заданд. Як голи меҳмононро Абдурасул Раҳмонов аз пеналтӣ ё ҷаримаи ёздаҳметра дар дақиқаи 74-ум ба ҳадаф расонд.
Ин пирӯзӣ ба дастаи “Вахш” имкон дод, ки бо 19 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои панҷум барояд. Вале тими “Гвардия” бо се имтиёз дар зинаи охирин – 13-ум ҷойгир шудааст.
Баъди анҷоми бозии «Вахш» ва «Гвардия» нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Карим Тошпӯлодов, сармураббии дастаи “Гвардия”-и Душанбе, ба хабарнигорон гуфт, “бозӣ хуб гузашт. Мо ҳамагӣ дар ҳайати дастаамон 13 бозигар дорем, ки 5 нафари онҳо дирӯз дар ҳайати дастаи ҷавонон бозӣ карданд ва имрӯз боз ба майдон омаданд. Ҳаво хеле гарм буд ва бозӣ кардан мушкил буд. Мо нақша дорем, ки дар давраи дуюм якчанд бозигар ба даста даъват кунем ва бозии хубтар нишон диҳем.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳамин тариқ, давраи аввали мусобиқот ба анҷом расид. "Регар-ТадАЗ" бо 32 имтиёз ғолиби давраи аввал гардид. Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо 31 имтиёз мақоми дувумро касб кард. Дастаи "Истиқлол" бо 26 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:
Ҷ |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1. |
"Регар-ТадАЗ" |
12 |
10 |
2 |
0 |
33-9 |
32 |
2. |
"Равшан" |
12 |
10 |
1 |
1 |
18-5 |
31 |
3. |
"Истиқлол" |
12 |
8 |
2 |
2 |
28-8 |
26 |
4. |
"Хайр" |
12 |
6 |
3 |
3 |
21-18 |
21 |
5. |
“Вахш” |
12 |
6 |
1 |
5 |
17-8 |
19 |
6. |
"Парвоз” |
12 |
5 |
2 |
5 |
27-18 |
17 |
7. |
“Хуҷанд” |
12 |
5 |
1 |
6 |
18-18 |
16 |
8. |
ССКА “Помир” |
12 |
4 |
4 |
4 |
11-14 |
16 |
9. |
"Истаравшан" |
12 |
4 |
2 |
6 |
18-24 |
14 |
10. |
“Энергетик” |
12 |
3 |
4 |
5 |
17-17 |
13 |
11. |
"Ҳосилот” |
12 |
2 |
1 |
9 |
12-31 |
7 |
12. |
“Зарафшон” |
12 |
1 |
3 |
8 |
14-37 |
6 |
13. |
"Гвардия” |
12 |
1 |
0 |
11 |
8-35 |