Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳи муфаттишоне, ки ба дасти гурӯҳҳои силоҳбадаст дар Бадахшон гаравгон афтода буданд, озод шудаанд.
Абдусамеъ Добобоев, сарвари шӯъбаи байнулмилалӣ ва робита бо ҷомиаи додситонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳҳои силоҳбадаст таҳти фишори нерӯҳои ҳукуматӣ гаравгонҳоро озод карданд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши иттилоияе, ба гарав афтодани панҷ корманди худ ба дасти гурӯҳҳои созмонёфта қабл аз оғози амалиёти вижаи сохторҳои қудратӣ алайҳи ин гурӯҳҳо дар Хоруғ хабар дод.
Тибқи ин иттилоия, ки рӯзи шанбеи 28-уми июл тавассути додситонии кулли Тоҷикистон пахш гардид, «шаби 24-уми июли соли 2012 - ум тахминан соатҳои 03-30 дақиқа пеш аз оғози амалиёти махсус як гурӯҳ силоҳбадастон ба ҷои зисти гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ ба мақсади бо гаравгон гирифтани онҳо ҳуҷум карда, панҷ нафари онҳоро гаравгон гирифта, ду адад автомати тамғаи АКС-74-и онҳоро тасарруф намуданд».
Ба таъкиди масъулони додситонии куллии Тоҷикистон ҳайати панҷнафараи ин ниҳоди давлатиро Нурулло Саидов, додситони низомии Тоҷикистон дар сафар ба Хоруғ раҳбарӣ мекард.
Додситонии кулл ҳамакнун бо гузашти панҷ рӯз аз ин иттифоқ хабар медиҳад ва мегӯяд, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва таҳқиқ он ҷараён дорад.
Ҳамзамон додситонии кулли Тоҷикистон дар ин иттилоия хабар дод, ки дар пайи ҳуҷуми мусаллаҳонаи гурӯҳи созмонёфта ба бинои Раёсати корҳои дохилӣ ва қароргоҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хоруғ дар шаби ҷумъаи 27-уми июл як нафар захмӣ шудааст.
Ба таъкиди додситонии кулли Тоҷикистон, «бо вуҷуди эълони оташбас аз шоми 24 июл, шартҳои он тавассути гурӯҳҳои созмонёфта дар шаҳри Хоруғ иҷро намешаванд ва ин гурӯҳ ба Раёсати корҳои дохилӣ ва қароргоҳи кормандони сохторҳои қудратӣ ҳуҷуми мусаллаҳона карданд, ки дар натиҷа як нафар захмӣ шудааст.
Дар иттилоияи додситонии кулли Тоҷикистон омадааст, ки «ҷинояткорон барои ҳимояи худ занон ва мӯйсафедонро ҳамчун сипари зинда истифода мебаранд, ки фаъолияти мақомоти сохзторҳои қудратӣ дар заминаи бастгир кардани онҳо душвор кардааст».
Аммо бо ин ҳам додситонии кулл таъкид кардааст, ки «айни замон макони зисти ду гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон таҳти роҳбарии Муҳаммадбоқир Мамадбоқиров ва Имомназар Имомназаров пурра таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад ва шумораи зиёди аъзоёни ин гурӯҳҳо безарар гардонида шудаанд».
Ҳамчунин бар асоси ин иттилоия, ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ бархе аз аъзои гурӯҳи Толиб Аёмбековро низ безарар гардонидаанд.
Аммо ин иттилоия ҳокист, ки додситонии кулли Тоҷикистон барои аввалин бор дар бораи ҳаводиси ба вуқӯъомад дар шаҳри Хоруғ ва ҷиноятҳои содиркардаи гурӯҳҳои созмонёфта мавқеи худро рӯшан мекунад.
Заро додситонии кулли Тоҷикистон дар ин иттилоия куллияи ҷиноятҳои содиркадаи саркардагони гурӯҳҳои созмонёфта, ба хусус Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров, Муаммадбоқир Муҳамадбоқиров ва Ёдгор Мамадасламов аз соли 2000 ба ин сӯ ошкор кардааст.
Додситонии кулл Толиб Айёмбековро дар куштори генарали Кумитаи Амнияти миллӣ Абдулло Назаров ба таърихи 21 июли соли муттаҳам дониста ва ҷузъиёти ин қатли ваҳшиёнаро шарҳ додааст.
Додситонии кул бо барчидани куллия ҷиноятҳои чаҳор раҳбари гурӯҳи созмонёфта дар шаҳри Хорӯғ эълом кардааст, ки «ҳоло гурӯҳи тафтишотӣ аз нав созмон дода шуда ва ҳамаи ҷиноятҳои содирнамудаи гурӯҳҳои мусаллаҳи мутташаккили ҷинояткоронаи дар шаҳри Хоруғ фаъолиятдоштаро пурра ва ҳамаҷониба тафтиш намуда, масъалаи ҷавобгарии онҳо матраҳ мешавад».
Ба ин далел додситонии кулли Тоҷикистон изҳори боварӣ кардааст, ки амалиёти вижаи сохторҳои қудратӣ ҷиҳати боздошт кардани ҷинояткорон низ ба зӯдӣ поён хоҳад ёфт.
Ин ҳам дар ҳолест, ки замони зарбуаҷал барои поёни оташбас то соати 12 имрӯз, шанбеи 28 июл эълом шуда буд ва гурӯҳҳои мусаллаҳ бояд силоҳҳои худро ба сохторҳои қудратӣ таслим мекарданд. Аммо гузоришҳо ҳокист, ки то кунун гурӯҳҳои мусаллаҳ силоҳи худро ба замин нагузоштаанд.