Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) соли 2013-умро соли футболи бачагонаю наврасон эълон кард.
Дар муроҷиатномаи ин конфедератсия зикр шудааст, ки бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи футболи осиёӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ ва пешбурди бартарии иҷтимоии футбол соли 2013-ум соли футболи бачагонаю наврасони АФК эълон шуд.
Чуни тасмим барои он гирифта шуд, ки таъкид шавад футбол барои ҳар як кас дастрас аст ва асоси футбол барои рушду нумӯи дараҷаи бозии олӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ба иттилои АФК 15-уми майи соли 2013-ум, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии оила эълон шудааст, инчунин, рӯзи футболи бачагонаю наврасони АФК мебошад.
Аз сабаби он ки 15-уми майи соли оянда ба рӯзи чоршанбе рост меояд, федератсияҳои миллӣ бо салоҳдиди худ метавонанд ин рӯзро чоршанбе ва ё рӯзҳои истироҳати баъди ин рӯз таҷлил намоянд.