"Повороти аэропорт" танҳо умеди дарёфти хабар аз вазъи Хоруғ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бадахшониёни муқими Душанбе истгоҳи "Повороти аэропорт"-ро танҳо умеди дарёфти иттилоъ аз вазъияти ахир дар зодгоҳи худ медонанд. Аз чор рӯзи пеш, ба дунболи баргузории амалиёти сохторҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои созмонёфта дар шаҳри Хоруғ, иртиботи телефонӣ бо вилояти Бадахшон қатъ шуда ва мардум, ба хусус бадахшониёни муқими Душанбе ҳеҷ иттилое аз хешу пайвандони худ надоранд.