Шӯришиёни Сурия ба набарди Ҳалаб омода мешаванд

Шӯришиён ва сокинони Ҳалаб, дуввумин шаҳри бузурги Сурия мегӯянд, худро барои ҳамлаи бузурги нерӯҳои давлатӣ омода мекунанд. Тайи чанд рӯзи гузашта шӯришиён дар шаҳри Ҳалаб пешравӣ кардаанд ва баъзе аз раҳбаронашон иддаъо доранд, ки нисфи шаҳр дар тассаруфи онҳост. Бино ба гузоришҳо, артиши Сурия бо ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳо ба камингоҳҳои шӯришишиён дар атрофи шаҳри Ҳалаб ҳамла мекунанд, то ба воҳидҳои низомӣ, ки як ҳафта боз дар ин минтақа меҷанганд, нерӯи изофӣ ҳамроҳ шавад. Як сухангӯи шӯришиён аз Артиши Озоди Сурия гуфт, теъдоди зиёди мошинҳои низомии ба Ҳалаб ворид шудааст, вале айни замон ба гуфтаи ӯ довталабон ҳам ба сафи шӯришиён пайвастаанд, то алайҳи нерӯҳои ҳукумати биҷанганд.