Пӯшидани ҳиҷобро ба Шаҳрхонӣ манъ кардаанд

Ба гуштигири саудӣ Воҷдан Шаҳрхонӣ пӯшидани ҳиҷоб дар мусобиқоти дзюдо дар Бозиҳои олимпии Лондонро манъ кардаанд. Федеросиюни байналмилалии дзюдо гуфт, ин варзишкорхонуми 18-сола бояд тибқи усули ин навъи гуштӣ бидуни рӯсарӣ ба майдон барояд. Шаҳрхонӣ яке аз ду варзишгари зан аз Арабистони Саудист, ки барои бори аввал ба Бозиҳои олимпӣ фиристода шуданд. Соро Аттор, ки дар Амрико ба воя расидааст, дар давидан ба 800 метр низ аз Саудия намояндагӣ хоҳад кард. Мақомоти саудӣ танҳо дар пайи фишори Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ, ки таҷрубаи ин салтанат ҷиҳати эъзоми фақат варзишкорони мард ба бозиҳоро интиқод карданд, ба ин ду зан иҷоза доданд, ки дар Олимпиадаи Лондон ширкат кунанд.