Бо назардошти амалиёти ҳамсони зидди гурӯҳҳои шӯришӣ, аксар таҳлилгарон ба дарозо кашидани шудани ҳодисаҳоро пешгӯӣ мекунанд.
Феълан марҳилаи низомии амалиёти ҳукумати Тоҷикистон дар Бадахшон мутаваққиф шуда, ҳайати ҳукуматӣ саъй дорад, тавассути музокирот бӯҳронро бартараф кунад. Аммо коршиносон ба ҳалли зудраси бӯҳрон зиёд эътимод надоранд ва айни замон, мутмаинанд, ки амалиёти густардаи низомӣ дигар барпо нахоҳад шуд.
Аксари коршиносон ва мардуми огаҳ бовар доранд, ки эҳтимол нерӯҳои таъйиноти махсус таъқиби силоҳбадастонро дар кӯҳу дараҳои ин устон идома диҳанд.
Коршиносон аз музокирот миёни ҳайатҳои ҳукумати марказии Тоҷикистон ва намояндагони маҳалҳои Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон интизороти зиёд надоранд. Ба қавли онҳо, агар силоҳбадастон ба таслими чор фарди мутттаҳам дар куштори генерал Абдулло Назаров омода мебуданд, ин амал ҳамон рӯзи аввал ба вуқӯъ мепайваст.
Ҳамин тариқ ҳукумати Тоҷикистон дар муқобили масъалаи душвор - ёфтани роҳ ба дили мардуми Бадахшон қарор дорад, ки метавонад татбиқи бомуваффақияти амалиётро таъмин намояд.
Раиси идораи амниятии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Абдулло Назаров рӯзи шанбеи 21 июл аснои бозгашт аз ноҳияи Ишкошим ба таври бераҳмона ба қатл расид. Мақомот пайравони фармондеҳи қитъаи марзии ноҳияи Ишкошим Толиб Айёмбековро дар ин амал муттаҳам карданд.
Ибтидои ҳафтаи равон ду нафар аз афроди муттаҳам дар куштор ба мақомот супурда шуданд, вале дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Толиб Айёмбеков гуфт, ки макони буду боши ду нафари дигарро намедонад.
Тибқи гузоришҳои то ҳол тасдиқношуда, яке аз ин муттаҳамҳо бародари Толиб Айёмбеков - Оқилбек аст.
Ҳамчунон Айёмбеков иддао карда буд, ки ба фикри ӯ мақомот мехоҳанд на танҳо афроди муттаҳам дар куштор, балки тамоми пешвоёни размандагони собиқи мухолифин дар Бадахшонро боздошт намоянд. Тибқи хабарҳо, дар канори Аёмбеков боз се фармондеҳи собиқи нирӯҳои мухолифин – Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, Имомназар Имомназаров, Ёдгоршо Мамадасламов бо тарафдоронашон рӯзи 24 июл зидди нирӯҳои давлатӣ ҷангидаанд.
Эҳтимол то ҳадде тахмини Айёмбеков дуруст бошад, зеро то имрӯз бар асари бархӯрдҳо дар Бадахшон беш аз 60 кас кушта шудаанд ва касе бояд ҷавоби онро диҳад.
Рӯзи сешанбе нерӯҳои ҳукуматӣ силоҳбадастонро аз шаҳри Хоруғ берун ронданд. Вале силоҳбадастон ба он муваффақ шуданд, ки мардумро бар зидди идомаи амалиёти низомии ҳукумат шӯр диҳанд.
Феълан аксари кулли бадахшониҳо дар дохил ва берун аз қаламрави ин вилоят изҳор мекунанд, ки тарафдори боздошту муҷозоти масъулони куштори генерал Назаров ҳастанд, вале дар айни замон онҳо мухолифи амалиёти васеъмиқёси низомӣ дар ин устон мебошанд, ки боиси қурбонии зиёд миёни мардуми бегуноҳ хоҳад шуд.
Шореҳон ба таҷрибаи соли гузашта ишора мекунанд, ки ҳангоми амалиёти маҳви дастаҳои Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло дар водии Рашт истифода шуд. Ба гуфти онҳо, ҳукумат тавонист собит кунад, ки нерӯҳои давлатӣ бо мардуми маҳаллӣ ихтилофе надоранд ва ҳадаф аз ин амалиёт муҷозоти афроди муттаҳам дар куштори дасти кам 26 сарбози давлатӣ дар дараи Камароб аст, ки моҳи сентябри соли 2010-ум ба вуқӯъ пайвастааст.
Як манбаи огаҳ аз вазъи Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки эҳтимол ҳукумат тактикаи дар Рашт истифодашударо мавриди иҷро қарор дода, ҷустуҷӯи силоҳбадастонро дар кӯҳу дараҳои вилоят то охир идома диҳад. Дар водии Рашт амалиёт беш аз ним сол давом карда, бо маҳви дастаҳои Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло анҷом ёфт. Он замон ҳукумат силоҳбадастонро аз пойгоҳҳои доимӣ ва роҳҳои икмолот маҳрум намуда, бо кумаки аҳолии маҳаллӣ дар пайи онҳо шуда буд.
Вале раиси ҷамоаи тоҷикони шаҳри Твери Русия Муқим Майбалиев мегӯяд, мушкили Бадахшонро бояд бо роҳҳои сиёсӣ ҳал намуд. Ба қавли номбурда, бӯҳрони кунунӣ аз он сабаб сар задааст, ки ҳукумату маҷлиси ин вилоят нуфузи худро аз даст додаанд:
“Охир ҳукумат бояд бо ҳукумат, парламент ва интеллигентсияи маҳаллӣ кор мекард, вале ҳар дафъа вақте мулоқот доир мешуд, ҳамон касеро даъват мекарданд, ки ба онҳо вазифа додаанд - ҳамон Толиб. Ин шаҳодати он аст, ки структураи кории ҳукумат дуруст набуд. Хуллас, вақтҳои охир дар Помир на интеллигентсия садо дошт ва на парламент.”
Воқеан дар душвортарин солҳои муқовимати шаҳрвандии Тоҷикистон ва баъд аз он ҳам пешвоёни вилояти мухтори қӯҳистон муваффақ шуда буданд, ки тавассути музокирот Бадахшонро аз ҷангу ҷидол эмин нигаҳ доранд.