Амалиёти низомии неруҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои созмонёфта дар Бадахшон аз мавзӯъҳои меҳварии аксари матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
«Имрӯз Нюс» дар матлаби «Хоруғ: талотуми оташ» амалиёти неруҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғро дар рӯзи сешанбеи 24 июл бозтоб карда ва истиноди нашрия бештар ба гузоришҳои расонаҳои хабарии хориҷӣ будааст. Зеро ба навиштаи нашрия, «қазияи Хоруғ аз марзҳои Тоҷикистон баромад. Дар рӯзи аввали амалиёти низомии неруҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадаст дар Бадахшон, садое дар Маскав низ баланд шуд». Аз сӯи дигар ба таъкиди нашрия «расонаҳои хабарии дохилӣ бошанд, дар нашри ҳар гуна ахбор дар ин маврид кӯтоҳдастӣ доштанд, зеро шурӯъ аз субҳи 24 июл ҳама гуна алоқа ба ин вилоят комилан қатъ шуда буд».
«Озодагон» дар матлаби «Кӣ Бадахшонро оғуштаи хун кард?», куштори генерал Абдулло Назаров ва паёмадҳои онро ба баррасӣ гирифтааст. Нашрия бо такя ба Кумитаи амнияти миллӣ ва вазорати корҳои дохилӣ Толиб Айёмбеков, сокини шаҳри Хоруғ, собиқ қумондони мухолифин ва фармондеҳи марзбонии Ишкошимро дар марги генерал Абдулло Назаров мутаҳҳам донист. Аммо нашрия аз қавли коршиносон навишт, ки «паси марги Абдулло Назаров сире ҳаст, ки албатта он ба ин зудӣ ошкор хоҳад шуд». Ин коршиносон гуфтаанд, ки «кушта шудани мақоми баландпояи ҳукумат бозгӯи хатари кишвар ва мардум буда, зарбае ба имиҷи берунаи кишвар хоҳад буд».
“Азия Плюс» таҳаввули ахир дар Бадахшонро аз қавли нозирон ба маънии «тарсондан» талаққӣ кардааст. Зеро нашрия менависад, «нозирон чунин мепиндоранд, ки Душанбе амалиёти густардаи низомиро дар Бадахшон анҷом додааст, ки бештар шабеҳе ба иқдоми тарсондан аст, нисбат ба он ки ба хотири боздошти чанд гумонбар дар қатли Абдулло Назаров, бошад».
«Нигоҳ» таҳаввулоти ахир дар Бадахшонро ба бозии қудратҳо дар минтақа вобаста медонад. Зеро нашрия «дар матлаби «Амалиёт дар Боми Ҷаҳон» навишт, «ду Бадахшони ду тарафи Ому — Тоҷикистон ва Афғонистон дар бозии қудратҳо хеле муҳим шудаанд, зеро барои фаъолияти гурӯҳҳои таҳти назорати онҳо мусоид ҳастанд». Нашрия менависад, «як нафар ҳам мушаххас гуфт, ки «аз дасти кадом як гурӯҳи қочоқбар кушта шудани нафаре дар сатҳи генерал Назаров асос надорад, зеро хадамоти махсуси кишварҳои абарқудрат ин гуна кушторҳоро бо тамоми ҷузъиёташ тавре тарҳрезӣ мекунад, ки дар назар як куштори одӣ менамояд». Ҳамзамон нашрия ноамнияҳои ахирро ба масоили марбут ба баҳси неругоҳи Роғун, захоири нафт ва интихоботи президентии 2013 чолиш медиҳад.
«Фараж» - дар матлаби «Фоли русӣ» амалиёти низомӣ дар Бадахшонро то андозае ба пешгӯиҳои мансабдорони рус мабнӣ бар вуқӯи нооромиҳо дар Тоҷикистону Қирғизистону Узбакистон рабт додааст. Нашрия навишт, «дар ҳоле, ки тахмини онҳо бештар ба ҳақиқат бадал мешавад, ки фоли онҳо дар мавриди пайдо шудани омилҳои нооромӣ на танҳо перомуни кишвари мо, балки Узбакистону Қирғизистон ҳам мувофиқ меояд». Ба таъкиди нашрия «пайдоиши омилҳои кучак барои пайдо шудани нифоқ миёни Қирғизистону Узбакистон ҳам мувофиқи пешгӯиҳо аст. Вақте ҳар яке аз ин ҷумҳуриҳо бо хостаҳои мағруронаи хеш тани танҳо мемонанд, хирси русӣ ба осонӣ ҳар яке аз онҳоро маҷақ мекунад. Шабеҳи хирсҳои азимҷуссае, ки дар кӯҳҳои Помири мо зиёд ҳастанд...».
«СССР» бар ин аст, ки «феълан дар Бадахшон 1 амалиёти пурмуаммо ва хеле пӯшидае идома дорад, ки дар бораи пайоварду оқибатҳоион ҳоло ҳадс задан аз имкон берун аст». Нашрия менависад, «мисли авзои тирамоҳи соли 2010 дар Рашт, ки тамоми роҳҳо ва василаҳои иртибот бо минтақаро баста буданд». Аммо нашрия меафзояд, «аз ибтидо маълум аст, ки ВМКБ барои Тоҷикистон танҳо 1 вилояти мухтор (автономӣ) нест, мақоми он гӯё аз ин ҳам болотар аст».
«Миллат» ҷӯёи посух ба суоли «Оё шурӯи амалиёт дар Бадахшон дуруст аст ва он чӣ паёмаде хоҳад дошт?» шудааст. Давлати Усмон, собиқ сардори ситоди ИНОТ бо таваҷҷӯҳ ба минтақаи бисёр хавфнок ва марзӣ будани Бадахшон ва назокатҳои қавмиву қабилавиаш, то андозае парҳез аз ҳар гуна амалиётро муҳим медонад. Вай гуфтааст, ки «ҳама чиз аз як шӯълаву оташ шурӯъ мешавад, амалиёти низомӣ низ мисли як оташ аст, агар ин оташ хомӯш шавад, хуб, агар не... Мо як бор инро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ таҷриба кардем».
Аммо Амирқул Азимов, вакили порлумон бар ин назар аст, ки «ин ҷо ҷинояти вазнин содир шудааст, пешниҳод шуд, ки ҷинояткорон ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд, лекин ҳозир нашуданд, дар ин сурат албатта қувва истифода бурда мешавад, қувваҳои низомӣ не, қувваҳои ҳифзи ҳуқуқ барои дастгир кардани ҷинояткорон».