Тоҷикистон. Шаҳрҳо ба деҳот табдил меёбанд

Раванди урбанизатсия ё кӯчиши аҳолӣ аз деҳот ба шаҳр дар Тоҷикистон қатъ шудааст.
Бахтия Муҳаммадиева, раҳбари Агентии омори Тоҷикистон дар мавриди таносуби аҳолии шаҳрнишин ва деҳотӣ дар кишвар гуфт: «Таносуби аҳолии деҳот ва шаҳр аз соли 2000-ум дар Тоҷикистон тағйир наёфтааст. Дар соли 2000-ум ҳам 27 дарсад аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд ва ҳоло ҳам ин рақам боқӣ мондааст, ҳарчанд, ки аз ҳисоби баъзе деҳотҳо шаҳракҳо ташкил шудаанд, вале дар ҳамин маврид боз 5 шаҳр ба деҳот табдил дода шуд».

Аммо хонум Муҳаммадиева афзуд, ки таносуби аҳолии деҳот ва шаҳр дар нисбати соли 1989 коҳиш ёфтааст. Агар дар он сол 34 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд ва тарзи ҳаёти шаҳрӣ доштанд, ҳоло бошад 27 дарсад дар ҳудуди шаҳрҳо зиндагӣ мекунанду халос.

Дар ҳамин ҳол Зебо Исмоилова, муовини раҳбари Агентии омор мегӯяд, дар шумориши охири аҳолӣ, ки соли 2010 баргузор шуд, омори фонди манзили шаҳрвандон низ гирдоварӣ гашт. Маҳз ҳини шумориши манзили шаҳрвандон маълум шудааст, ки дар кишвар панҷ шаҳр аз мақоми худ маҳрум шудаанд: «Панҷ шаҳр дар Тоҷикистон мақоми шаҳракро гирифтанд. Инҳо шаҳри Ёвон, Панҷ, Бобоҷон Ғафуров, Шӯроб ва Ҳисор».

Хонум Исмолова сабаби ба шаҳрак табдил шудани ин шаҳрҳоро шарҳ надод ва гуфт ин ба салоҳияти ниҳоди зери раҳбарии ӯ рабт надорад. Аммо коршиносон мегӯянд сабаби аз мақоми худ маҳрум шудани ин шаҳрҳо фалаҷ гаштани ҳама гуна инфрасохтори хоси шаҳр, назири марказҳои ягонаи гармидиҳӣ, хатти об ва марказҳои фарҳангӣ дар замони истиқлолият аст.

Иқтисодонҳо мегӯянд, урбанизатсия дар кишварҳои рӯ ба рушд як раванди табиист. Коршиносони тоҷик ҳам набуди урбанизатсияро ба кунд будани рушди иқтисод дар Тоҷикистон пайванд медиҳанд.

Давлат Усмон, иқтисоддони тоҷик ва собиқ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон сабаби аслии зиёд нашудани аҳолии шаҳрҳои Тоҷикистонро чунин шарҳ дод: «Шаҳрҳо вақте бузург мешаванд, ки дар онҳо корхонаҳо фаъолият ва тарҳҳои азими иқтисодӣ раҳандозӣ шаванд. Дар шаҳрҳои Тоҷикистон корхонаҳои нав фаъол нашудаанд ва он корхонаҳое, ки ҳам буданд ба иқтидори пурраашон кор намекунанд. Сабаби аслии зиёд нашудани аҳолии шаҳр ҳам дар ҳамин аст».

Калонтарин шаҳри Тоҷикистон Душанбе ҳоло расман 745 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Вале шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки дар пойтахт наздик ба як миллион нафар бе қайди расмӣ зиндагӣ мекунанд. Сабаби чунин ҳолатро коршиносон дар бесобиқа баланд будани нархи манзил дар пойтахти кишвар медонанд.

Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи аҳолии шаҳрнишин дар байни 200 кишвари дунё дар ҷои 173-ум ва дар миёни кишварҳои ИДМ дар ҷои охирон қарор дорад.