Бег Зуҳуров: «Як тир тамоми алоқаро бо Бадахшон қатъ кард»

Сабаби қатъ шудани алоқа дар Бадахшонро тайи 3 рӯзи ахир Хадамоти алоқа дар мушкили фаннӣ арзёбӣ кард.
Бег Зуҳуров - раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикиcтон чанд лаҳза пеш дар нишасти хабарӣ ба журналистон гуфт, алоқа дар Бадахшон бо иллати тир расидан ба хати асосии нурӣ дар давоми амалиёти низомии Хоруғ қатъ гардид.

Бег Зуҳуров афзуд: «Хати нурие, ки алоқаро дар минтақа таъмин мекунанд ҳавоӣ аст ва он бояд зери заминӣ бошад. Ширкатҳои хадамоти алоқа, ки дар кишвар фаъолият мекунанд, ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Аммо феълан онҳо бештар дар андешаи тиҷоратанд. Ин таҷриба барои мо бояд дарс бошад, мо хати захиравӣ надоштем, дар ҳоле ки бояд мебуд. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ ҳазорҳо шаҳрвандон аз хориҷа ба мо занг мезаданд ва мехостанд,ки аз Бадахшон иттило бигиранд. Аммо ин имконпазир набуд. Ҳоло мо кӯшиш дорем, ки алоқаро барқарор кунем, кормандони мо онҷо заҳмат мекашанд».

Бег Зуҳуров ба суоли хабарнигорон, ки чӣ гуна як тир метавонад тамоми вилоятро дар бунбасти иттилоотӣ қарор диҳад гуфт: «Як тир метавонад, алоқаро пурра қатъ кунад. Агар ба ноқили асосӣ расад. Ба воситаи моҳвора истифодаи алоқа хеле гарон аст. Як диқиқааш, қариб як доллар аст».

Ба гуфтаи Бег Зуҳуров, дар ҳоли ҳозир талош мешавад, ки хатти алоқа бо Бадахшон тармим бинад ва эҳтимол меравад робита бо минтақа дар рӯзҳои наздик имконпазир хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки робитаи телефонӣ бо Хоруғ соати 2-и субҳ ё ду соат пеш аз оғози амалиёти нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон дар Бадахшон қатъ шудааст.

Ҷаноби Зуҳуров афзуд, ягон ниҳод ба ӯ ҳеҷ гуна супориши қатъи алоқа бо Бадахшонро надодааст. Ба суоли он ки чаро танҳо алоқа барои аҳолии вилоят дастнорас аст, дар ҳоле, ки бархе аз мансабдорони дар ин минтақа роҳат аз мобил истифода мекунанд, Бег Зуҳуров гуфт, «онҳо соҳиби телефонҳои гаронбаҳоянд ва ҳамчунин занҳои худро хеле дӯст медоранд».

Дар ҳамин ҳол Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани фароҳамкунандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, қатъи алоқа бо Бадахшон мушкили фаннӣ набуда, ба эҳтимоли бештар ба амалиёти ҳарбӣ рабт дорад. Зеро ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, «ҳар як ширкати таъмингари алоқа, мустақил аст ва дорои пойгоҳҳои коммуникасионии худ мебошанд. Чун ширкатҳо аз ҷиҳати техникӣ вобастаи ҳамдигар нестанд, мутаносибан бо осеб дидани хати нурӣ, қатъи алоқа дар тамоми минтақа ғайри имкон аст».

Асомиддин Атоев, мудири Академияи маҷозии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ иддаои Бег Зуҳуровро дар мавриди бо як тир канда шудани хати асосии нурӣ беасос хонд ва гуфт: «Раиси хадамоти алоқаи Тоҷикистон тамоми мардумро нодон мепиндорад. Ин умуман як далели ханадаовар аст. Зеро фарз кардем агар ин хат канда шуда бошад ҳам, ҳарчанд онро танҳо бо табар осеб расондан мумкин аст, на бо як тир, роҳат мешуд аз шабакаҳои захиравӣ истифода кард».

Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир дар Бадахшон имкони истифода аз мобил барои бархе аз мақомдорон вуҷуд дорад. Ҳамчунин нафароне, ки соҳиби симкортҳои ширкатҳои мобилии Афғонистонанд ва телефонҳои моҳвораӣ доранд, метавонанд бо манотиқи дигари кишвар тамос бигиранд. Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ахиран аз Русия 150 телефони моҳвораӣ харидорӣ ва ба Бадахшон фиристода шудааст, то ки сокинони ин вилоят имкони тамос шудан бо пайвандонашон дар хориҷи кишварро дошта бошанд.