Рӯзи чоршанбе бо нохун задан ба сомонаи «Азия Плюс» саҳифаи он боз шуд ва дар он хабарҳои ахири сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷой дода шудааст.
Зебо Тоҷибоева дар суҳбат ба радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва афзуд, ки ҳанӯз на ҳама ширкатҳои хадамоти интернетӣ дастрасӣ ба сомонаи «Азия Плюс»- ро фароҳам кардаанд.
Ба қавли Зебо Тоҷибоева дастури масдуд кардан ва дубора боз кардани ин торнамо на расмӣ балки шифоҳӣ аз тарафи Хадамоти давлатии алоқа сурат гирифтааст.
Аз шоми 23 июл, дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи “Азия Плюс”-ро масдуд кардаанд. Дар ин замина раиси хадамоти алоқаи кишвар ба расонаҳо гуфта буд, масдуд шудани сомонаи мазкур мушкили фаннӣ буд.
Ахиран Дуня Миятович, масъули вижаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии баён аз масдуд шудани дастрасӣ ба торнамои хабаргузории “Азия Плюс” ибрози нигаронӣ кард.
Ӯ дар як баёнияи расмӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, маҳдудияти дастрасӣ ба ин торнамо ва дигар торнамоҳои хабарӣ дар Интернетро аз байн бардорад.
Дуня Миятович гуфтааст, номумкин шудани дастрасӣ ба торнамои “Азия Плюс” “як таҳаввулоти таассуфангез аст ва бори аввал ҳам нест, ки торнамоҳо дар Тоҷикистонро масдуд мекунанд.” Ба гуфтаи Дуня Миятович, “бо вуҷуди нигарониҳои амниятӣ, набояд маҷрои озоди иттилоъ баста шавад ва амният бе матбуоти озод буда наметавонад.”
Дар идомаи баёния ӯ гуфтааст, “Мардум бояд иттилоъ аз манобеъи гуногун дастрасӣ дошта бошад ва матбуот бояд тавонанд доир ба мушкилот гузориш диҳанд, ҳатто агар масъалаи ҳассоси амниятӣ бошад.
Таври маълум дар шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон, амалиёте алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ сурат гирифт ва коршиносон сабаби аслии масдуд шудани сомонаи «Азия Плюс»-ро дар рӯйдодҳои ахири Бадахшон азрёбӣ карданд.