Кишоварзӣ ва маориф - фасодзадатарин ниҳодҳо?

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар бахши кишоварзӣ 60 ва дар соҳаи маориф 36 ҳолати ришваситонӣ ошкор шудааст.
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи сешанбе зимни як нишасти матбуотӣ бахшҳои кишоварзӣ ва маорифро фасодзадатаринҳо дар кишвар унвон кард.

Тибқи омори расмӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар бахши кишоварзӣ 60 ҳолат, дар соҳаи маориф 36, нақлиёт ва мухобирот 23, обу корезӣ 19, тандурустӣ 16, энергетика ва саноат 15, вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ 13 ва хизматрасонии бонкӣ 33 ҳолати коррупсионӣ ошкор шудааст.

Фаттоҳ Саидов афзуд, ҳарчанд ҳанӯз давраи имтиҳоноти қабул ба донишгоҳҳои олӣ шурӯъ нашудааст, аммо аллакай ҳашт ҳолати пешгирӣ аз ситонидани ришва сабт шудааст. Ин ҳодисаҳо дар донишгоҳҳои аграрӣ, техникии шаҳри Душанбе ва муассисаи олии Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд ошкор гаштааст.

Фаттоҳ Саидов гуфт, соли гузашта дар Донишгоҳи тиббӣ аз довталабон барои шомил шудан ба донишгоҳ то 18 ҳазор доллар талаб кардаанд, ки ин ҷиноят аз ҷониби оҷонсӣ ошкор ва пешгирӣ шуд.

Мубориза бо фасод чанд сол ба ин сӯ дар садри барномаҳои давлат қарор дорад ва ҳамчунин ба ин манзур ба изофаи ниҳодҳои дигар Оҷонси мубориза бо коррупсия низ таъсис шуда ва амал мекунад. Иллати ҳамчунон густариши фасод дар Тоҷикистон дар чист?

Ба назари таҳлилгарон, як мушкили фасод ва густариши он мавҷуд набудани иродаи сиёсӣ барои мубориза бо ин зуҳурот аст. Далели он ҳам ин аст, ки Оҷонси мубориза бо фасод дар солҳои ахир бархе аз вазоратхонаҳои кишварро ба унвони фасодзадатарин ниҳод эълон карда буд. Аммо вақте расонаҳо айни ҳамин хабари оҷонсиро нашр карданд, додгоҳ онҳоро барои тӯҳмат ба вазорат маҳкум кард. Ин амр ба гуфтаи таҳлилгарон, иродаи мақомоти сиёсӣ барои мубориза бо фасодро заиф нишон медиҳад ва баёнгари тарҷеҳ додани робита бар зобита ва ё манфиати гуруҳӣ ба амри қонун аст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни иҷрои "Қонуни авф", ки бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти кишвар ба вуқӯъ пайваст, беш аз 100 нафар ғайриқонунӣ аз зиндон озод шуданд. Ин маҳбусони собиқ бо сабаби гирифтор буданашон ба бемории сил ба озодӣ баромаданд. Аммо таҳқиқот нишон додаст, ки аксари маҳбусон бемор набудаанд ва бо истифода аз варақаҳои тиббии қалбакӣ аз маҳбас раҳо шудаанд. То кунун 10 нафар аз ин маҳбусон ба зиндон баргардонида шуда, вале дигарон дар хориҷи кишвар қарор доранд.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон нисбати панҷ пизишки бемористонҳои Душанбе ва яке аз пайвандони маҳбусон ду парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

ШУМО "ПОРА" ДОДАЕД? (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шумо "пора" додаед?