Сомонаи "Азия Плюс"-ро дар Тоҷикистон бастаанд

Аз шоми 23 июл, дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи “Азия Плюс”-ро масдуд кардаанд. Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли ширкатҳои провайдерӣ хабар дод, ки ин иқдом бар асоси амри раиси Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров сурат гирифтааст. Далели расмии мақомот эълон нашудааст, вале ИТАР-ТАСС мегӯяд, талоши навбатии назорати расонаҳои интернетӣ зоҳиран ба шеваи инъикоси ҳаводиси ахири Хоруғ ва ба фармондеҳони собиқи Бадахшон, ки мухолифи вуруди нирӯҳои иловагӣ аз пойтахтанд, минбар додани “Азия Плюс” бастагӣ дорад.