Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ имрӯз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар сохтмони нирӯгоҳи Роғунро тафтиш хоҳанд кард. Вазири энержӣ Шералӣ Гул аммо аз тавқифи корҳо дар ин сохтмони барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим изҳори бехабарӣ кард. Ӯ гуфт, дар нимаи аввали сол барои Роғун 566 миллион сомонӣ ҷудо шуда, то поёни сол барои ин сохтмон 1,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бино ба хабарҳо, дар пешорӯи сафари ҳаъйати Бонки ҷаҳонӣ бахши аъзами корҳои сохтмонӣ дар нирӯгоҳи Роғунро мутаваққиф кардаанд.