Қарзи хориҷии Тоҷикистон 50 миллион афзудааст

Муовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев

Қарзи хориҷии Тоҷикистон имсол 50 миллион доллар афзуда, то 1 июл ба 2 миллиарду 127,3 миллион доллар баробар шудааст. Муовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, ҳаҷми қарзи хориҷӣ мусодифи 29,7 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст. Душанбе аз Эксимбонки Чин 878 миллион, аз Бонки ҷаҳонӣ – 371 ва аз Бонки осиёии рушд 333 миллион доллар қарздор будааст. Дар нимаи аввали сол барои пардохти қарзҳои хориҷӣ ва фоизи ин вомҳо аз будҷа беш аз 47 миллион доллар харҷ кардаанд.