Дар манзили зисти падари Абдулло Назаров, дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ҷиликӯл ҳамдеҳаҳо, дӯстон ва пайвандони генерали тоҷик бо ӯ видоъ гуфтанд.
Манзили зисти падари генерал таҳти назорати ҷиддии кормандони мақомоти амният қарор дошта, омаду рафти меҳмонон ва ҳуввияти нафарони ношинохта пурсуҷӯ мешавад. Ҳатто аз хабарнигорон пурсида мешуд, ки ҳадафи омаданашон чист ва бо кӣ ва чаро сӯҳбат хоҳанд кард.
Падари генерал Назаров, ки 82-сола мебошад аз хабари даргузашти писараш дар ҳоли шок қарор дорад, ҳамзамон писарон ва пайвандони наздикаш низ имкони сӯҳбат ва шарҳи ҳодисаи рӯйдодаро надоштанд. Маъмурони кумитаи амният низ талош мекарданд, ки аз мусоҳибаи онҳо бо хабарнигорон ҷилавгирӣ кунанд.
Генерал Хайриддин Абдураҳимов, раиси кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон
ва собиқ раиси кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон, Саидмурод Қодиров, додситони шаҳри Душанбе ва чанде дигар аз чеҳраҳои саршинос аз субҳи барвақт барои ширкат дар маросими видоъ ба ин ҷо омада буданд.
Аммо генерал Хайриддин Абдураҳимов, ки замони раҳбарии ӯ дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Абдулло Назаров муовинаш буд, аз изҳори назар кардан пиромуни ҳодисаи қатли ҳамкори собиқаш худдорӣ кард. Вай гуфт, сабри ин мусибат душвор аст, чун бо Абдулло Назаров солҳои тӯлонӣ ҳамкор ва дӯст будааст ва ҳанӯз ҳозир нест, ки дар мавриди фарзияҳои кушта шуданаш ҳарф бизанад.
Аммо Исматулло Муродов, аз дӯстони қарин ва ҳамдеҳаҳои генерал Абдулло Назаров, гуфт, вай хатмкардаи чаҳор мактаби олӣ аз аз кадрҳои ҳирфаии амнияти миллӣ буд. Ба гуфтаи ҷаноби Муродов, саҳми генерал дар барқарории сулҳу суботи Тоҷикистон беназир будааст.
Вай афзуд: «Абдулло Назаров 4 диплом дошт, ниҳоят зеҳни қавӣ дошт, донишманд буд. Роҳбаре буд, ки ҳам дониш дошт ва ҳам лаёқати роҳбарӣ. Аз ӯҳдаи ҳама кор мебаромад. Бебок буд. Ёдам ҳаст, ки вақте Назаров дар Комиссияи оштии миллӣ буд, вақти қабули кадрҳо ба кор чанд нафарро ба вай тавсия додам, ки ба кор бигирад. Аммо вай як хислати хуб дошт, ки айби одамро дар рӯяш мегуфт. Мегуфт, ки ин одамон намешаванд. Назаров тамоми кадрҳояшро аз «ғалбер мегузаронид». Дар тасмимгириҳо мустақил буд, бо ақлу фикри худ кор мекард».
Исматулло Муродов ҳамчунин гуфт, дар охирин сӯҳбат бо дӯсташ Абдулло Назаров, ахирӣ гуфтааст, ки азм дорад имсол ба нафақа баромада, боқии умрашро барои тарбияи фарзандону набераҳо ва зиндагии орому осоишта бубахшад.
Дар деҳаи Лоҳутӣ мо ҳамчунин бо омӯзгори собиқадори забону адабиёти тоҷик Саид Мӯъминов вохӯрдем, ки аввалин устоди генерал Абдулло Назаров будааст. Ин муалими 90-сола ҳодисаи қатли шогирдашро кори дасти душманони амнияти миллии кишвар хонд, чун генерал Назаров, ба иддаои ӯ, аз камтарин шахсиятҳои кафили бехатарӣ буд.
«Мо аз ин воқеа бисёр ғамгин шудем. Яке аз шинохтатарин шогирдонам, ки хизмати бисёре барои осоиштагии халқи кишварамон анҷом додааст, номардона кушта шуд. Пеш аз Абдуллоро ба амният ба вазифаи нав қабул кардан, омада аз ман низ дар бораи хислати ӯ пурсон шуданд. Гуфтам, ки асаби мустаҳкам дорад, боодобу донишманд аст. қобилиятнок аст, гуфтам. Ҳамин тавр, вай корманди амният шуд», - афзуд С. Мӯъминов.
Соли гузашта аз даргузашти яке аз бародарони генерал Назаров хабар расида буд ва ду сол қабл модари генерал даргузашта буд. Ҷанозаи Абдулло Назарови 56-соларо дар қабристони маҳаллӣ, дар ноҳияи Ҷиликӯл, дар канори мазори модараш дафн карданд.