Шиддат гирифтани ҷанг дар Сурия

Нерӯҳои давлатии Сурия рӯзи якшанбе бо ҳимояти чархболу силоҳҳои вазнин ба шаҳраки Барза дар шаҳри Димишқ ва ду ноҳияи наздики шаҳр ҳамла карданд. Ба гуфтаи манобеъи мухолифи давлат, ба нерӯҳои давлатӣ муяссар шудааст, ноҳияи Маззаро дигарбора тасарруф кунанд. Ҳамчунин рӯзи якшанбе дар ҷанг дар атрофи Ҳалаб дуввумин шаҳри бузурги Сурия идома кард, ки шӯришиён саъй доштанд, онро ишғол кунанд. Ҷанг дар наздикии қароргоҳи аслии маъмурони амниятии шаҳр низ мушоҳида шудааст. Шаби гузашта шӯришиён дар шаҳри Ҳалаб симои пайкараи сангии Ҳофиз Асад, падари Башшор Асадро вайрон кардаанд. Ба гуфтаи Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар шаҳри Ландан қароргоҳ дорад, аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ дар Сурия аз моҳи марти соли гузашта то кунун 19 ҳазор нафар кушта шудаанд.