Рӯзи панҷшанбеи 19-уми июл дар «Кохи Ҷомӣ»-и шаҳри Душанбе барномаи консертии гурӯҳи «Чилтан»-и Олмон баргузор гардид
Ин дуввумин сафари гурӯҳи ҳунарии «Чилтан» ба Тоҷикистон аст ва нахустин консерти он соли 2002 дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода доир шуда буд.
Дар ин барнома аъзои нави даста бо таронаҳои тоза ширкат карданд ва дар баробари сурудҳои тоҷикӣ, онҳо ба забонҳои узбакӣ ва қазоқӣ низ таронаҳо тақдим намуданд. Шаш нафар аз аъзои ин гурӯҳро, ки олмонӣ ҳастанд, Фурқат Ниёзӣ, овозхони тоҷик ба олами мусиқӣ роҳнамоӣ кардаааст.
Бо вуҷуди сафари дуюмаш ба Тоҷикистон буд, Себили Гунейзел қабл аз баргузории барномаи консертӣ гуфт, ки ӯ ва шариконашро ҳаяҷоне пахш кардааст: “Пеш аз ба Душанбе омадан, мо дар Хоруғ будем ва муддати ду ҳафта ба ин барномаи консертӣ омодагӣ гирифтем. Вале ба ин ҳама нигоҳ накарда мо бисёр дар ҳаяҷон ҳастем. Ва ҳар лаҳза дар фикри онем, ки мухлисон моро чигуна истиқбол мекунанд».
Аммо аз истиқболи гарми ҳозирон дар «Кохи Ҷомӣ» рӯшан гардид, ки барномаи консертии гурӯҳи олмонӣ писанди тамошобинон шудааст.
Михайил Ангермам, як узви гурӯҳи «Чилтан» дар поёни барномаи консертӣ дар сӯҳбат бо РО гуфт: "Шумо шоҳид будед, ки намоиши ҳунарии мо таҳти унвони «Насими дӯстӣ» ба итмом расид. Ва ман бисёр хушхолам, ки гурӯҳи мо бисёр хуб ҳунарнамоӣ кард. Мардуми Тоҷикистон низ моро дастгирӣ карданд."
Михайил, ки худ ба сароидани суруду оҳангҳои Шарқ алоқа дорад, бе ягон мушкил сурудҳои тоҷикӣ ва узбакӣ хонда, вокунишҳои гарми бинандагонро ба вуҷуд овард. Вай мегӯяд, бо он ки ҳар як узви ин гурӯҳ ихтисоси гуногун дорад, аммо ҳамагӣ сурудхониро хеле дӯст медоранд ва аз ин лаззат мебаранд.
Аммо барои Жанин Даелӣ, узви дигари гурӯҳи «Чилтан», муҳим он аст, ки сафари онҳо ба Тоҷикистон барои муаррифии ҳар чӣ бештари онҳо дар ин кишвар кӯмак кард. Вай мегӯяд, дар муқоиса ба даҳ соли пеш ҳаводорони гурӯҳи «Чилтан» зиёдтар шуданд: «Ман аз мардуми тоҷик миннатдорам. Онҳо моро бо қарсақхои пайдарпай истиқбол карданд. Вақте мо якумин бор 10 сол пеш омада будем, ин қадар ҳаводорони худро пайдо накарда будем. Имрӯз бошад, хушбахтона мо бо дастаи ҳунарӣ маҳорати худро ба кулли тоҷикистониён нишон додем.”
Бештари ширкаткунандагони барномаи консертӣ низ ба маҳорат ва ҳунарнамоии гурӯҳи «Чилтан» баҳои баланд доданд ва аз он, ки аъзои гурӯҳ бо забони тоҷикӣ суруд мехонанд, завқ бурданд. Миёни ширкаткунандагони барномаи консертӣ, бештарашонро ҷавонон ташкил медонанд.
Дастаи мусиқии «Чилтан» соли 1998 дар Донишгоҳи Ҳумболди Олмон бо роҳнамоии Фурқат Ниёзӣ, тоҷиктабори шаҳри Берлин таъсис шудааст. Сурудҳои фолклории манотиқи мухталифи Тоҷикистон, меҳвари барномаҳои консертии ин гурӯҳро ташкил медиҳад. Аммо ин гурӯҳ ба ашъори классикони форсу тоҷик низ рӯ овардааст. Фурқат Ниёзӣ мегӯяд, тайи ин солҳо бо заҳмати зиёде тавонист гурӯҳи «Чилтан» -ро нигаҳ дорад.
«Дар ин 14 сол, гурӯҳи "Чилтан" чандин ҳунармандони худро аз даст додааст. Сабаб дар он аст, ки онҳо ба сароидани сурудҳои тоҷикӣ душворӣ мекашанд ва тарки гурӯҳ карданд. Ҳоло бошад, гурӯҳи мо аз 7 нафар иборат аст. Дар ин солҳо бо ташаббуси сафоратхонаи Тоҷикистон дар Олмон фарҳангу ҳунари мардуми тоҷикро ба олмонихо нишон медиҳем. Вақте, ки ман ба ин сарояндахо, ягон матни тоҷикӣ барои ёд кардан медиҳам, онхо душворӣ мекашанд. Ва ман онҳоро маҷбур мекунам, ки бирақсанд. Вақте, ки онҳо мерақсанд, ҳис мекунанд, ки сурудҳои шарқӣ чӣ гуна ҳастанд. Дар ин ҳолат онҳо тарзи суруданро ёд мегиранд».
Ин аст, ки талошҳои Фурқат Ниёзӣ, корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон дар ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳунару мусиқии тоҷикӣ дар хориҷи кишвар бесамар набудааст. Зеро ба гуфтаи вай, муддати чанд соли охир гурӯҳи «Чилтан» сафарҳои ҳунарие ба Фаронса, Чехия, Узбакистон ва дигар кишварҳо доштааст.
Бад ин тартиб, гурӯҳи «Чилтан» пас аз се ҳафтаи сафари Тоҷикистон боз роҳ сӯи Олмон мегирад ва ба гуфтаи Фурқат Ниёзӣ, барои таҳияи барномаҳои тозаи ҳунарӣ омода мешавад.