Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, қонуни баҳсбарангезеро имзо кард, ки дар он созмонҳои ғайриҳукуматие, ки аз хориҷ кӯмак мегиранд, “маъмури хориҷӣ” унвон шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия хабар дод. Қонуни мазкур, ки нигаронии амиқи фаъолони ҳуқуқ ва созмонҳои маданиро дар Русия барангехт, дар миёнаи моҳи июл ва дар зарфи 5 рӯз дар ҳарду палатаи порлумони Русия тасвиб шуд. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ, қонуни мазкур сабаби табъиз алайҳи созмонҳои ғайриҳукуматӣ мешавад.