Туннели қочоқии миёни Украинаву Словакия ошкор шуд

Пулис як туннел ё нақби зерзаминии 700 метрии қочоқи маводро, ки Украинаро бо Словакия мепайваст, ошкор кард. Роберт Калинак-вазири корҳои дохилаи Словакия гуфт, дар даромадгоҳи туннел дар Нижне Неметске 13 100 қуттӣ сигор мусодира кардаанд. Ин туннел дар Украина аз маҳале бо номи Вишне Неметске мебарояд.

Ба гуфтаи вазир, қочоқчиён хеле “кордида” будаанд. Дар дохили туннел ё нақб меъёрҳои амниятиро дар назар гирифтаанд. Дар баъзе ҷойҳо барои қаторҳои хурд ё вагонеткаҳо роҳ дуруст кардаанд ва бори худро бо он интиқол медодаанд. Ҳар ду баромадгоҳи нақбро қочоқгарон панҷара гирифтаанд.

Коршиносон ҳисоб кардаанд, ки танҳо барои интиқоли сигори қочоқӣ Словакия аз ҳисоби пардохт нашудани молиёт ё андоз 50 миллион евро зарар дидааст.