Русияву Чин қатъномаи Сурияро вето гузоштанд

Чину Русия рӯзи панҷшанбе пешнависи қатъномаеро вето гузоштанд, ки иҷоза медод, маъмурияти нозирони Созмони Милал дар Сурия тамдид шавад. Бар асоси ин санад ҳукумати Башор Асад бояд дар зарфи 10 рӯз талабҳои Шӯрои Амниятро иҷро карда, аз ҷумла ба хушунат хотима медод, дар акси ҳол алайҳи он таҳрим эъмол мекарданд. Сюзан Райс, намояндаи Амрико дар Созмони Милал ин рафтори Русияву Чинро башиддат танқид кард ва гуфт: “Бори саввум аст, ки тайи 10 моҳи гузашта, ду узви шӯро Русия ва Чин монеъи расидагии мӯътабари Шӯрои Амният ба низоъи Сурия мешаванд. Ду раъйи мухолифи онҳо вайронгар буд ва ин раъй хатарноктар ва таассуфовар аст.“ Як рӯз пештар аз ин се мақоми баландпояи ҳукумати Сурия дар бомбгузорие кушта шуданд, ки масъулияти онро Артиши Сурияи Озод бар дӯш гирифта, онро гардише дар қиёмҳои мардумӣ алайҳи ҳукумат хонд. Аз замони оғози нооромиҳо дар Сурия дар бештар аз як соли пеш то кунун 17 ҳазор нафар кушта шудаанд.