5 ҳазор диски филмҳои туркӣ дар Суғд мусодира шуд

Маҳмуд Аҳмадов-намояндаи муассисаи “Кино ва видео”-и вилояти Суғд ба хабаргузории “Авесто” иттилоъ додааст, ки дар қаламрави ин вилоят бештар аз 5 ҳазор диски сабти филмҳои туркӣ аз нуқтаҳои савдо мусодира шудааст.

Аҳмадов гуфтааст, ҳангоми расидагӣ ва тафтиш ин дискҳоро бештар дар ноҳияҳои Исфара ва Конибодому Истаравшан пайдо кардаанд.