Шӯрои Амнияти СММ вазъи Сурияро баҳс мекунад

Шӯрои Амнияти СММ

Имрӯз дар Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи хатми низоъ дар Сурия мавриди овоздиҳӣ қарор мегирад, вале тибқи гузоришҳо то кунун Русия ва мамолики ғарбӣ ихтилофҳоро аз байн набурдаанд. Русия ба матни пешниҳодии ИМА ва муттафиқони ғарбӣ мухолиф аст, зеро дар он истифодаи модаи 7-уми Оинномаи СММ инъикос ёфтааст. Ин мода имкон медиҳад, ки барои хатми низоъ силоҳ истифода шавад. Рӯзи сешанбе Русия матнеро матраҳ кард, ки дар он таҳдид ба чашм намехӯрад. Қатъномаи нави Шӯрои Амнияти СММ барои тамдиди ҳузури ҳайати нозирони СММ дар Сурия зарур аст. Ваколати нозирон рӯзи ҷумъа ба поён мерасад. Дар арафаи овоздиҳӣ сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба Маскав рафт, то бо президенти Русия Владимир Путин низоъ дар Сурияро баррасӣ кунад. Дар гузашта Чин ҳамроҳ бо Русия мухолифи таҳрими Сурия буд.