Дар натиҷаи бархӯрди мусаллаҳона дар як минтақаи марзи миёни Узбакистону Қирғизистон, ки то ҳол аломатгузорӣ нашудааст, як марзбони узбак ва як марзбони қирғиз ба қатл расидаанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, табодули оташ рӯзи сешанбе дар назди деҳаи қирғизии Булоқ-Бошӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба қавли ҳамин манбаъ сокинони деҳаи қирғизӣ ба ҳушдори марзбонони қирғиз таваҷҷӯҳ накарда, саъй доштанд, дар минтақаи ташхиснашудаи марз роҳро таъмир кунанд. Вақте сокинони деҳа ба ҳушдори марзбонони узбак ҳам эътибор надоданд, бархӯрд сар заду дар натиҷа як марзбони қирғиз кушта ва ду шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти амниятии Узбакистон мегӯянд, дар ин бархӯрд як марзбони узбак ба ҳалокат расида, ду шаҳрванди дигари ин кишвар захм бардоштаанд. Баъди ин ҳодиса раиси хадамоти марзбони Узбакистон Руслан Мирзоев аз мансабаш барканор шуд.