Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ду дипломати собиқадори кишварашро дар Афғонистону Покистон сафир таин кард. Дар изҳороти Кохи Сафед омадааст, Ричард Олсон-сафири пешини Амрико дар Имороти Муттаҳидаи Араб сафири Покистон ва Ҷеймс Каннингтон-муовини сафири Амрико дар Афғонистон акнун сафир дар Кобул хоҳад буд.
Камерон Мунтер-сафири пешини Амрико дар Исломобод моҳи май аз мақомаш истеъфо дод. Раян Крокер-сафири Амрико дар Афғонистон низ ба сабаби вазъи саломатиаш аз мақом рафт.
Акнун сафирони нав нируҳои Амрикоро барои хуруҷ аз Афғонистон дар соли 2014 омода мекунанд.