Намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА бо мақомоти тоҷик мулоқот кард

Элис Уэллс, ки бо як сафари дурӯза дар Душанбе ба сар мебарад, бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ кард.
Мавзӯи таъмини амният дар Афғонистон пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО дар соли 2014 дар меҳвари музокироти Элис Уэллс бо президенти Тоҷикистон қарор доштааст.

Намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА рӯзи 17 июл ҳамчунин бо намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дидору гуфтугӯ анҷом дода ва қарор аст, бо мақомоти сохторҳои қудратии кишвар низ мулоқот кунад.

Дидору гуфтугӯи Элис Уэллс бо президент Раҳмон дар «Қасри Миллат» сурат гирифт. Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи ИМА ва Тоҷикистон ва таъмини амнияти минтақа дар меҳвари ин музокирот қарор доштааст. Элис Уэллс низ пас аз дидору гуфтугӯи беш аз якуним соатааш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон низ рӯи ин масоил таъкид кард.

Вай гуфт, «мулоқоти судманде бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон доштам, ки масоили мухталифи марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи ИМА бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Вуруди Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат низ матраҳ шуд. Аммо мавзӯи таъмини амният дар Афғонистон, ба хусус пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО дар соли 2014 ва нақши Тоҷикистон дар ин раванд дар меҳвар қарор гирифт. Ба Тоҷикистон барои талошҳояш дар иҷрои ин тарҳ изҳори ташаккур кардам».

Ҳамчунин ба таъкиди Элис Уэллс, густариши озодии баён ва рушди ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистонро бо президент Раҳмон маврид баррасӣ қарор додааст.

Сафари ин мақоми амрикоӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле анҷом мегирад, ки ҳафтае пеш ҳайате аз конгрессменҳои амрикоӣ дар раъси Дени Ли Бертон аз Душанбе боздид ба амал оварданд. Ҳатто ҷаноби Бертон дарёфти мавқеи раҳбарияти Тоҷикистон дар робита ба тарҳи хурӯҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 ва таҳаввулот пас аз онро ҳадафи аслии дидори конгресменҳои амрикоӣ унвон кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи Афғонистон, ба хусус пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО дар соли 2014 бо таваҷҷӯҳ менигарад.

Иддае аз коршиносони тоҷик маҳз сафарҳои ахири мақомоти амрикоиро ба паёмадҳои ин таҳаввул ва амалкарди раҳбарияти кишварҳои Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистон рабт медиҳанд.




Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мулоқоти Э.Раҳмон бо намояндаи Шӯрои амнияти ИМА




Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси Маркази мутолеоти минтақа ва Афғонистон бар ин бовар аст, ки ИМА пас аз соли 2014 аз Афғонистон ба таври комил берун шуданӣ нест ва ба ин хотир мехоҳад пуштибонии Тоҷикистонро дарёфт кунад:

«Бо он мақсадҳое, ки НАТО ва давлатҳои Ғарб дар соли 2001 ба Афғонистон ворид шуда буданд, нарасиданд ва онҳо натавонистанд, ки решаҳои терроризми байналмилалиро, ки дар Афғонистон мавқеи хеле қавӣ дошт, аз байн бубаранд. Имрӯз ҳам мо мебинем ва шоҳиди он ҳастем, ки ҳамарӯза дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон нерӯҳои низомӣ талафоти зиёд медиҳанд ва мардум низ талаф мешавад».

Ба ин далел Раҳматулло Абдуллоев мӯътақид аст, ки барои ИМА, кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, ки бо манотиқи шимоли Афғонистон ҳаммарз мебошанд, метавонанд нуқтаи муҳиме дар муқобила бо тероризми байналмилалӣ, ба хусус хатароти гурӯҳи Толибон бошад. Ин аст, ки ин коршиноси тоҷик, боқӣ мондани қисме аз нерӯ ва таҷҳизоти НАТО ва ё эҷоди пойгоҳи вижаи ИМА дар қаламрави Тоҷикистон ва Узбакистонро низ ба ин манзур, баъид намедонад.

Аммо Комёб Ҷалилов, корманди Маркази мутолеоти стратегии вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки сафари ахири мақомоти ИМА ба Тоҷикистон аз силсилаи барномаҳоест, ки дар чорчӯби бозиҳои геополитикӣ дар минтақа тавассути абарқудратҳо анҷом мешавад. Вай мегӯяд, Тоҷикистон дар ин бозӣ аз ҷойгоҳи хосе барои бозигарон, ба хусус ИМА бархӯрдор аст:

Комёб Ҷалилов

«Нисбат ба Ӯзбакистон нуфузи Тоҷикистон дар минтақа зиёдтар ва таъсирбахштар аст. Чун ин таъсир аз ҷиҳати фарҳангӣ ва маънавиёт нисбат ба Ӯзбакистон бештар аст, агарчи Бухорову Самарқанд моли ин кишвар аст, аммо Тоҷикистон меросхӯри асосӣ дар минтақа мемонад. Яъне Тоҷикистон метавонад дар Афғонистон, дар Покистон, дар Ҳиндустон, дар Ирон як нақши муайян дар ҳамин бозии сиёсӣ иҷро кунад».

Ин коршиноси тоҷик сару садои ахири генералҳои рус дар мавриди тамдиди пойгоҳи низомии 201- Русия дар қаламрави Тоҷикистонро низ ба бозиҳои геополитикӣ марбут медонад ва мегӯяд, ҳам Русия, ҳам Иттиҳоди Аврупо ва бахусус ИМА ҳар кадоме талош доранд, то нуфузи худро ба ҳар роҳ дар минтақа нигоҳ доранд ва дар ин росто Тоҷикистон дар меҳвар қарор гирифтааст.

Аммо аз назари соҳибназарон он чи норӯшан аст, ин аст, ки то кунун Тоҷикистон зарфияти худро дар ин бозӣ нишон надодааст ва ҳамакнун низ маълум нест, ки то куҷо метавонад, аз ин бозии абарқудратҳо дар минтақа ба нафъи худ кор бигирад.

Ба хусус ба таъкиди соҳибназарон, ин шабу рӯзе, ки тарҳи хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон матраҳ аст ва Ӯзбакистон талош дорад, то аз ин тарҳ суде ба нафъи худ ба даст оварад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки бо вуҷуди саҳми муносиб дар мубориза алайҳи терроризм дар Афғонистон, Тоҷикистон ҳамакнун дар канор мондааст.