Даргириҳои сангин дар пойтахти Сурия

Нирӯҳои давлатии Сурия имрӯз алайҳи мухолифин дар Димишқ аз чархболҳо истифода бурдаанд. Даргириҳо дар пойтахти Сурия ҷиддитарин набардҳо тайи 16 моҳи ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад унвон мешавад. Даргирӣ дар дастикам 4 минтақаи канори Димишқ 3 рӯз боз идома дорад, ки Салиби Сурх онро аломати ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ рафтани Сурия меномад. Нирӯҳои давлатӣ дар пойтахт то кунун алакай аз тонку тӯпҳо истифода мебурданд.Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг имрӯз дар Урдун дар мавриди Сурия гуфт: «Вазъ чунон ҷиддиву пешгӯинашаванда аст, ки фикр накунам, ки ягон пешомадро дар оянда бишавад сарфи назар кард.»
Туркия дар ҳамин ҳол хабар дод, ки шаби гузашта як генерал бо чанд афсар аз марз убур карданд, ки шумори генералҳои табдили сангар кардаи суриёиро ба 18 нафар мерасонад.