Лавров: “Ғарб аз тавтеа кор мегирад”

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.

Вазири умури хориҷии Русия, кишварҳои ғарбиро дар тавтеа алайҳи Маскав ба хотири қабули тарҳи нави қатъномаи Шӯрои Амният дар робита ба Сурия айбдор кард.
Дар ин тарҳ таҳримҳои шадид алайҳи Димишқ пешбинӣ шудааст, ки Русия ба он мухолиф аст.

Дар оғози музокирот бо Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои араб дар Маскав, Сергей Лавров ба хабарнигорон гуфт, кишварҳои ғарбӣ таҳдид кардаанд, ки агар Русия аз ин қатънома пуштибонӣ накунад, фаъолияти 300 нозири СММ дар Сурияро қатъ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, “мутаассифона, дар ин ҷо ҳатто тавтеа ба назар мерасад, ба мо мегӯянд, ки агар шумо барои қабули қатънома аз рӯи банди ҳафтуми СММ иҷоза надиҳед, мо аз тамдиди мандати ҳайати нозирон сарпечӣ хоҳем кард”.

Сергей Лавров афзуд, ки “инро бархӯрди комилан бемаҳсул ва хатарнок арзёбӣ мекунам, зеро сӯиистифода аз нозирон дар ин маврид ғайри қобили қабул аст”.

Вазири умури хориҷии Русия гуфт, интизороти Ғарб аз Маскав, ки аз ҳампаймони деринааш - раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дархости истеъфо мекунад, ғайривоқеист. 20-уми июл мӯҳлати мандати нозирони СММ дар Сурия поён меёбад.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх эълом дошт, ки дар Сурия ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дорад ва ҷонибҳои даргир бояд ба қавонини башарии байнулмилалӣ арҷ гузоранд, дар акси ҳол барои ҷиноёти низомӣ мавриди таъқиби додгоҳӣ қарор хоҳанд гирифт.

Чун Салиби Сурх даргириҳо дар Сурияро ҳамчун “ҷанги шаҳрвандӣ” арзёбӣ кардааст, пас бояд бандҳои конвенсияи Женева дар бораи дифоъ аз мардуми осоишта ҳангоми ҷанг риоя шавад. Алексис Ҳиб, сухангӯи ин кумита гуфт, ки аз ин баъд қавонини байнулмилалии башарӣ дар мавриди низоъ дар Сурия ҳам татбиқ мешавад ва афроде, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро нақз кардаанд, шояд дар ҷиноёти низомӣ айбдор шаванд.

Аз ин пеш Салиби Сурх шаҳрҳои Идлиб, Ҳумс ва Ҳаморо “минтақаҳои ҷанги шаҳрвандӣ” эътироф карда буд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи душанбе дар
Димишқ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мусаллаҳони Артиши Озоди Сурия даргириҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки онҳоро метавон шадидтарин аз оғози низоъ дар баҳори соли гузашта номид. Дар қисмати ҷанубии пойтахт, ҳамагӣ се километр дуртар аз маркази пойтахт, тирандозӣ аз силоҳи оташфишон, аз ҷумла, аз миномётҳо, сурат гирифт.

Дар бораи талафоти ҷонибҳои даргир иттилоъ дода нашудааст. Нерӯҳои мусаллаҳ шоҳроҳеро, ки сӯи фурудгоҳи Димишқ мебарад, бастаанд. Фаъолони мухолифин гуфтанд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ба мавқеъҳои мухолифини мусаллаҳ аз тонку зиреҳпӯшҳо оташ кушодаанд.